Ссылки доступа

Дар Бишкек як духтари 17-сола аз ошёнаи 6-ум худро ба замин андохт


Сардухтури беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Бишкек Даниёр Шайбеков мегӯяд, вазъи духтаре, ки дар маҳаллаи "Тунгуч" худро аз ошёнаи 6-ум ба замин андохт, вазнин аст.

Ба гуфтаи сардухтур, қарор аст, имрӯз табибон ӯро ташхис кунанд ва дар асоси натиҷаҳои он дар бораи табобати минбаъдааш тасмим гирифта мешавад.

Ёдрас мешавем, 20 феврал, тақрибан соатҳои 14:20 дақиқа ба бахши навбатдории Шуъбаи пулиси Октябр хабар доданд, ки духтаре мехоҳад, худро аз ошёнаи 6-ум ба замин партояд. Дари хона баста буд ва талошу даъватҳо аз поён низ бенатиҷа анҷом ёфтанд. Кормандони пулис дар поён қолинеро паҳн карданд, вале духтар бо вуҷуди афтиданаш ба болои он захми сахт бардошт.

Ӯ 17 сол дорад. Бино ба маълумоти пешакӣ, духтар дар хонае, ки худро аз он ба замин партофт, ҳамчун доя кор мекард.

XS
SM
MD
LG