Ссылки доступа

Қазоқистон пешниҳод дорад, дар ду обанбори Қирғизистон дурбини наворбардор насб шавад


Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар ду обанбори Қирғизистон дурбинҳои наворбардор насб шавад. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумонии ҷиноҳи "Респубилка - Ота-Журт"-и Қирғизистон вазири кишоварзӣ ва обёрии ин кишвар Нурбек Мурашев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни дидори ҳайатҳои ду кушвар масъалаи обёрии баҳорӣ баҳс шудааст. Ҷониби Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки бо ҳадафи назорати сатҳи об дар обанбори Орто-Токой ва Киров дурбинҳои наворбардор насб шавад. Ҷониби Қирғизистон ба ин пешниҳод розӣ нашуд. Баъди баргашти ҳайати Қазоқистон, воридоти бархе маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон ба Қазоқистон манъ гардид.

Вазири кишоварзии Қирғизистон рӯзи 20 феврал хабар дод, ки кишвараш талабҳои Қазоқистон дар мавриди насби ҳисобкунак дар обгузарҳоро рад кард, зеро чунин иттилоъ сиррӣ аст.

Қазоқистон сар аз 19 феврал воридоти чанд навъи мева ва сабзавоти Қирғизистону Ӯзбекистонро муваққатан манъ кард. Дар ин бора вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, воридоти картошка, себ ва хурмои Қирғизистон ва анори Ӯзбекистон манъ шудааст. "Вақтҳои охир ҳодисаҳои ошкор шудани маҳсулоти бесифате бештар шудааст, ки аз ҳудуди ин ду кишвар ворид мегарданд", - омадааст дар хабари вазорат.

XS
SM
MD
LG