Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, никоҳҳои хешутабориро манъ кунанд


Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, никоҳи байни хешовандонро манъ кунанд. Расонаҳо менависанд, дар ин бора вазорати тандурустӣ лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст.

Вазорат пешниҳод дорад, бо ворид кардани тағйирот ба моддаи 16 Кодекси оила, бастани ақди никоҳ байни хешовандон манъ шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон ақди никоҳ байни ҷуфтҳое, ки яке аз онҳо бемории равонӣ дорад ё бо каси дигар ақди никоҳ бастааст, манъ аст. Қонун ҳамчунин никоҳ байни бародарону хоҳарон ва касонеро, ки ба фарзандхонӣ қабул шудаанд, манъ мекунад.

Пешниҳоди воридсозии иловаҳо ба Кодекси оила шумори мамнуиятҳоро бештар карда, никоҳ байни холазодаҳову тағозодаҳо ва аммазодаҳову амакзодаҳоро манъ хоҳад кард. Дар Ӯзбекистон бастани ақди никоҳ барои писарон аз 18 ва барои духтарон аз 17-солагӣ рухсат аст.

XS
SM
MD
LG