Ссылки доступа

Хона ба хона. "Амалиёт"-и хатна дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон "маърака"-и сартосарии хатнаи кӯдакон роҳандозӣ шудааст. Табибони оилавӣ дар кишвар муваззаф шудаанд, ки ба зудӣ феҳрасти писарони хатнаношударо дар минтақаҳо тартиб диҳанд.

Онҳо хона ба хона мегарданд ва кӯдаконро барои хатна кардан ба дармонгоҳ даъват мекунанд. Ин даъват ҳам бархе аз волидонро ҳайрон ва бархеро ҳам, ки фикр мекунанд ҳанӯз барои хатнаи атфоли кӯчаки худ омода нестанд, нороҳат кардааст.

Ҷамила, як сокини шаҳри Душанбе ва модари ду фарзанд, мегӯяд, вақте табиби оилавӣ ба хонаи ӯ омад ва пурсид, ки писараш хатна шудааст ё не, дар ҳайрат афтод. Ӯ рӯзи 24-уми феврал гуфт, писарашро дар яксолагӣ дар назди ҷарроҳони касбӣ хатна карда буданд.

Аммо мусоҳиби мо аз он изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро бояд барои ин табибон ба дари онҳо омада, ба хатна кардан ташвиқ кунанд. "Гуфтам, чаро мепурсед? Гуфт, мо вазифадор шудем, ки бояд кӯдакони хатнаношударо ба рӯйхат гирем ва даъват кунем. Бояд омада хатна кунанд", - нақл кард Ҷамила.

Ташвиқ ва даъват барои хатна кардани кӯдакон дар ҳафтаҳои аввали зиндагӣ аз масъулиятҳои нави духтурони оилавӣ аст. Табибон мегӯянд, ин супориши Вазорати тандурустӣ аст ва бояд онҳо фарогирии кӯдаконро ба ин маърака таъмин намоянд.

Меҳрубон Тешаева, духтари оилавӣ дар яке аз дармонгоҳҳои пойтахт, гуфт, "мо кӯдаконро рӯйхат мекунем ва ба ҷарроҳ пешниҳод менамоем. Даъвати онҳо вазифаи мо аст. Хатнаи кӯдакони то яксола бо таҳлилу ташхисҳояш ҳама ройгон аст."

Дар дармонгоҳҳои шаҳрӣ барои хатнаи кӯдакон ҳуҷраҳои махсус таъсис ёфтааст ва ин амал дар онҷо анҷом дода мешавад. Дар ноҳияву деҳот ҳам ин амал дар бунгоҳҳои тиббӣ сурат мегирад. Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар кишвар дар муассисаҳои тиббӣ 586 ҳуҷраи махсуси ҷарроҳӣ ба кор оғоз кард.

Дар баъзе аз муассисаоҳи тиббӣ ҳам шумори афроди хатнашуда санҷиш ва аз духтурон иҷрои пурраи "нақша" талаб мешавад. Мақомоти Тоҷикистон бо тағйири қонун соли 2017 тасмим гирифтанд, ки дигар амалиёти хатнаи писарон дар мӯҳлати то 20-рӯзагӣ ва танҳо дар бемористон анҷом мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар пайи ин тағйирот, дар як соли ахир беш аз 80 ҳазор кӯдак дар Тоҷикистон хатна шудаанд. Солҳои пеш шумори писарони хатнашуда ҳисоб намешуд. Дар пайи ин муқаррарот, ба гуфтаи мақомот, аксар кӯдакони навзод то 7-рӯзагӣ бо иҷозаи волидон дар худи зоишгоҳҳо хатна мешаванд.

Пешниҳоди манъи хатна аз тарафи табибони мардумӣ ду сол пеш садо дод. Дар пай ба Қонуни танзим банди махсусе илова шуд, ки бар асоси он хатна минбаъд бо розигии волидон то 20-рӯзагии кӯдак дар бемористонҳо анҷом дода мешавад. Илова ба ин, қонуни танзим барпо кардани ҷашни таҷлили хатнасурро ҳам маҳдуд кардааст.

XS
SM
MD
LG