Ссылки доступа

HRW: "Шарофиддин Гадоев ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст"


Чаҳор созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Москва ва Душанберо ба он айбдор карданд, ки Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифи тоҷикро "худсарона боздошт карда, ба Тоҷикистон интиқол доданд".

Изҳороти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Ҳюман Райтс Вотч ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ рӯзи 24-уми феврал нашр шуд.

Шарофиддин Гадоев, узви Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа, 13 феврали имсол бо ҳадафи мулоқот бо мақомоти амниятии Русия ба Москва рафт ва рӯзи 15-уми феврал дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон билофосила гуфтанд, ки ӯ довталабона ва бо изҳори пушаймонӣ “аз кирдорҳои худ” тавассути масири Москва-Душанбе ба ватан баргашт. Баъдан Гадоев дар видео бо лаҳни комилан мухолиф ба он чи ки дар Аврупо ва дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ мегуфт, суҳбат кард ва гуфт, бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон бозгаштааст.

Аммо Стив Свердлов, намояндаи Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) рӯзи 24-уми феврал гуфт, "филму аксҳои саҳнасозишудаи бешумор ҳақиқати тарснокеро, ки Тоҷикистону Русия бешармона тааҳҳудоти байналмилалии худро иҷро намекунанд, тағйир намедиҳад".

Свердлов дар изҳороти рӯзи якшанбе гуфт, "Шарофиддин Гадоев дар Русия худсарона дастгир шуд, мавриди латту кӯб қарор гирифт ва ба Тоҷикистон бурда шуд. Ҷое, ки ӯ барои фаъолиятҳои осоиштаи худ бо айбномаи сохта рӯбарӯст”.

Наздикони Шарофиддин Гадоев ва манобеи дигар, ки қазияи ӯро таҳқиқ доранд, ба Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтаанд, мақомоти Русияву Тоҷикистон ӯро зӯран дар Москва боздошт карда ва ба ҳавопаймо бурдаанд. Онҳо мегӯянд, изҳороти Шарофиддин Гадоев дар Тоҷикистон низ зери фишори равонӣ ва ҷисмонӣ таҳия шудааст.

Рӯзи 19-уми феврал ҳамкорони Гадоев дар хориҷа видеоеро нашр карданд, ки ӯ қабл аз сафараш ба Москва сабт намудааст. Вай дар навор мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас, ӯро рабудаанд, чун ҳеч гоҳ ихтиёрӣ барнамегашт ва “ба ҳукумат таслим намешуд”.

Шарофиддин Гадоев, ки дар Ҳолланд ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дорад, яке аз фаъолони сиёсӣ дар хориҷ буд ва пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Ӯ то замони пайдо шудан дар Душанбе, раиси “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, Гадоев 13 феврал бо нияти мулоқот бо мақомоти Шӯрои амнияти Русия дар робита ба вазъи Тоҷикистон ба Маскав рафт. Манбаъҳое, ки ин қазияро таҳқиқ доранд, ба созмон гуфтаанд, кормандони Шӯрои амният нимаи 14 феврал ба назди ӯ ба меҳмонхона омаданд, то ба мулоқот бибаранд.

Ин манобеъ гуфтаанд, ки баъдан Гадоевро ба фурудгоҳи "Домодедово" бурданд. Наздикони ӯ ба Ҳюман Райтс Вотч гуфтаанд, маъмурон дар дохили мошин ӯро задаанд. Афсарони рус Гадоевро ба ҳавопаймои “Сомон Эйр”, масири 1223 ба самти Душанбе шинондаанд. Ба нақли созмони Ҳюман Райтс Вотч, ҳангоми парвоз ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд ва дар сараш халта пӯшонда буданд.

XS
SM
MD
LG