Ссылки доступа

Футболбози тими мунтахаби Қирғизистон ба бошгоҳи "Хуҷанд" гузашт


Бозигари тими мунтахаби футболи Қирғизистон Турсуналӣ Рустамов ба бошгоҳи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон гузашт. Вай бо ин бошгоҳ шартномаи яксола бастааст. Дар ин бора Федератсияи футболи Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Рустамов, вай барои бастани шартнома бо бошгоҳи "Андиҷон"-и Ӯзбекистон ба Тошканд рафт, аммо шартҳои "Андиҷон" ӯро қонеъ накарданд. Рустамов аз бошгоҳи "Хуҷанд" пешниҳод дарёфт кард ва онро пазируфт.

"Дар "Хуҷанд" бо "Динамо"-и Самарқанд бозӣ кардам ва дар оғози бозӣ ба дарвозаи ҳариф гол задам. Дар тим бозигарони хуб ҷамъ шудаанд, бисёрии онҳоро ман мешиносам, аз ҳамин хотир маро хуш пазируфтанд. Ман талош мекунам, ки барои тим дар ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон натиҷаҳои хуб орам", - гуфт Рустамов.

Бошгоҳи "Хуҷанд" сар аз соли 1992 дар бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар соли гузашта ин бошгоҳ дар ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон мақоми дувумро соҳиб шуд. "Хуҷанд" 6 ва 13 март бо бошгоҳҳои "Алай" ва "Ахал" бозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG