Ссылки доступа

Роҳбарияти "Сапат" шикоят аз хушунат дар литсейҳои туркиро месанҷад


Роҳбарони мактабҳои "Сапат" тасмим доранд, аризаҳои хушунат ва бадрафторӣ нисбати хонандагонро дар мактабҳои мазкур санҷанд.

Хонандагони "Сапат" ахиран дар интернет бо хэштег ё барчаспи #metoosebat дар бораи бадрафториҳои пушти девори мактабҳои мазкур хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи Нурлан Худойбердиев, роҳбари муассисаи мазкур, муносибат бо хонандагон ҳамеша зери назорат аст. "Зоҳиран дар бораи хушунатҳо хатмкардагони 10-15 сол пеш менависанд. Сарфи назар аз ин, мо тафтиш хоҳем кард. Дар сурати тасдиқи шикоятҳои интернетӣ, омӯзгорон аз кор ронда хоҳанд шуд", - гуфт вай.

Дар чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хатмкардагони литсейҳои туркии "Сапат" аз бадрафториҳое ёд мекунанд, ки нисбати онҳо сурат гирифтааст. Хонандагон аз бадрафтории омӯзгорон, таҳқир ва ҳатто озори ҷисмонӣ қисса мекунанд.

Дар Қирғизистон шабакаи литсейҳои туркии "Сапат" амал мекунад, ки садҳо хонандаро бо таҳсил фаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG