Ссылки доступа

Назарбоев Маминро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон номзадии Аскар Маминро ба мақоми сарвазирии кишвараш пешниҳод кард. Назарбоев ин пешниҳодро ба баррасии порлумон фиристод.

Аскар Мамин то 21 феврали соли ҷорӣ ба ҳайси муовини аввали сарвазир фаъолият карда буд. Баъди ба истеъфо фиристодани сарвазири пешини Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев дар таърихи 21 феврал, Мамин иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин шуд.

Мамини 53-сола дар гузашта роҳбари ширкати "Роҳи оҳани Қазоқистон", ҳокими шаҳри Остона, вазири нақлиёт ва иртиботот буд.

XS
SM
MD
LG