Ссылки доступа

Сафорати Ӯзбекистон занеро, ки дар Чин издивоҷ карда буд, ба зодгоҳаш баргардонид


Сокини Намангони Ӯзбекистон бо номи Саида, ки бо шаҳрванди Чин издивоҷ карда буд, аз озору азият ва муносибати бераҳмонаи шавҳараш шикоят дошт.

Вай барои ба ватанаш баргаштан кумак меҷӯст.

Ин зан 19 феврал бо кумаки сафорати Ӯзбекистон дар Чин ба зодгоҳаш баргардонида шуд. Бобур Яҳёев, консули Ӯзбекистон дар Чин мегӯяд, Саида ба манзилаш расидааст. Пештар аз ин вай тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба рӯзноманигорон муроҷиат карда буд.

Ба гуфтаи Саида, шавҳараш ӯро як ҳафта дар ҳаммом нигаҳ доштааст. Вай аз рафторҳои хушунатбори шавҳараш шикоят карда буд.

Ин сокини Ӯзбекистон гуфт, ба иллати душвориҳои молӣ бо шаҳрванди Чин издивоҷ кардааст. Саргузашти Саида дар шабакаҳои иҷтмоӣ баҳсҳои гармеро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG