Ссылки доступа

Ҳукумати нави Қазоқистон ба кор шуруъ кард


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳайати ҳукумати нави кишварашро таъйид кард.

Аскар Мамин - сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд. Женис Қосимбек муовини сарвазир таъйин гардид, ки то ин замон вазири саноат ва рушди зерсохтор буд. Алихон Смаилов вазири молия таъйин шуд. Вай ҳамзамон муовини аввали сарвазир аст.

Асар Жумагалиев вазири рушди рақамӣ, мудофиа ва саноати кайҳонӣ таъйин гардид.

Даврон Абаев, ки дар ҳукумати пешин вазири иттилоот ва иртиботот буд, ҳамакнун ба вазирии иттилоот ва рушди ҷомеа расид. Вазирони пешин: Бейбут Атамқулов - вазири корҳои хориҷӣ; Нурлан Ермекбоев - вазири мудофиа; Ерлан Тургумбоев - вазири корҳои дохилӣ; Марат Бекетаев - вазири адлия; Елжан Биртанов - вазири тандурустӣ мақомҳои худро ҳифз карданд.

XS
SM
MD
LG