Ссылки доступа

Фаронса ба рӯзноманигори фирории қирғиз паноҳгоҳи сиёсӣ дод


Фаронса ба рӯзноманигор Улуғбек Бобоқулов, ки ду сол пеш, пас аз айбдор шудан ба ангехтани кинаи байниқавмӣ Қирғизистонро тарк карда буд, мақоми паноҳандагӣ дод.

Бобоқулов дар суҳбат бо “Фергана.ру” гуфт, масъулони Идораи муҳоҷират ва шахсони бешаҳрвандии Фаронса 25 феврал бо ӯ тамос гирифта, хабар доданд, ки минбаъд таҳти ҳимояти давлати ин кишвар қарор дорад.

Ҳамчунин ба рӯзноманигор гуфта шудааст, ки дар ҳоли баргашт ба ватан, муроҷиат ба намояндагиҳои дипломативу консулгарии Қирғизистон дар Фаронса ва хориҷ аз он мақоми паноҳандагияшро аз даст хоҳад дод.

“Мақомоти кишварам зидди ман бо айбҳои сохта парванда боз карданд ва мақомоти Фаронса ба ману аъзои хонаводаам паноҳгоҳ доданд ва барои пайдо кардани ҷои кор низ шароит фароҳам шудааст”, -- афзуд Бобоқулов.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон 9 июни соли 2017 зидди Бобоқулов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ӯро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё дар Fergananews.com ва расонаҳои дигар матолиби ҳангомасоз ва ангезандаи кинаи қавмӣ нашр кардааст.

Вале худи рӯзноманигор ин гумонро як тарҳи сохта ва кори президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев меномад.

XS
SM
MD
LG