Ссылки доступа

Ӯзбекистон дубора харидори картошкаи Қирғизистон шуд


Вазири кишоварзӣ ва саноати ғизоии Қирғизистон Нурбек Мурашев хабар дод, ки ширкатҳои Ӯзбекистон бар асоси қарордодҳои нав хариди картошкаи деҳқонони ин кишварро оғоз карданд.

"Барои хариди 5 ҳазор тонна картошка қарордод ба имзо расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 10 ширкати дигар мустақиман, бидуни қарордод картошка мехаранд. Мо барои онҳо шароити заруриро фароҳам меорем", - изҳор дошт Мурашев.

Як кило картошка дар Қирғизистон 5,5-7,5 сом (0,086$) арзиш дорад.

Мурашев ибтидои соли 2018 хабар дода буд, ки ҷониби Ӯзбекистон созишномаи харидории картошкаи Қирғизистонро ба имзо расонд. Вале тирамоҳи соли гузашта кишоварзони қирғиз шикоят карданд, ки аз кишти картошка зарар диданд, чун ҷониби Ӯзбекистон аз хариди маҳсулоти онҳо даст кашида, рӯй ба картошкаи Покистон овард.

Кишоварзон гуфтанд, пас аз суханони вазири кишоварзии Қирғизистон, ки гуфта буд, Ӯзбекистон картошкаи зиёд хоҳад харид, аз бонк қарз гирифта, дар бисёре аз заминҳои худ ин навъи маҳсулотро кишт карданд ва акнун намедонанд, садҳо тонна картошкаро чи кор кунанд.

XS
SM
MD
LG