Ссылки доступа

Чӯпони тоҷикро аз асорати қочоқбарони афғон озод карданд


Тӯрахон Нурматов, чӯпони рабудашудаи тоҷик баъди 53 рӯз аз асорати қочоқбарони афғон озод карда шуд. Қочоқбарон Нурматовро рӯзи якуми январи имсол дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рабуда буданд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии минтақаи Кӯлоб гуфт, ки чӯпони тоҷик 22 феврал дар пайи як амалиёти нерӯҳои интизомии кишвар аз асорати қочоқбарон озод карда шуд.

Ҷузъиёти бештари амалиёти мазкур гуфта намешавад. Айни ҳол маълум нест, ки амалиёти раҳоии Нурматов дар қаламрави Афғонистон сурат гирифтааст ё дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон. Моҳи гузашта Тӯрахон Нурматов дар тамоси телефонӣ бо наздиконаш гуфта буд, ки дар қаламрави Афғонистон қарор дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, Нурматов барои бозпурсӣ ба Душанбе интиқол дода шудааст ва ҳоло маълум нест, ки зиддаш парванда боз мешавад ё не.

Гурӯҳе, ки Нурматовро рабуда буд, дар ивази озодии ӯ аз як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 40 ҳазор доллар талаб дошт. Маблағе, ки ба иддаои онҳо, аз фурӯши маводи мухаддир дар дасти шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ин гурӯҳ бо хонаводаи Нурматов ба воситаи рақами телефоне тамос мегирифтанд, ки аз Абдуғаффор Қурбонов, соҳиби рамаи гӯсфандон гирифтаанд. Қочоқбарон иддао доштанд, ки бародарзодаи Қурбонов қарздор аст.

Абдуғаффор Қурбонов, сокини деҳаи Мишкорони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қаблан гуфта буд, нисфирӯзии 1 январ се силоҳбадаст ба чарогоҳи гӯсфандони ӯ омаданд. Ба гумонаш касе кочоқбаронро ҳадафмандона ба чарогоҳ роҳнамоӣ кардааст, то қасоси бародарзодаашро аз ӯ ситонанд.

XS
SM
MD
LG