Ссылки доступа

Машруботро аз мағозаҳои хусусии Ишқобод мусодира мекунанд


Дар мағозаҳои хусусии шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 26 феврал амалиёти мусодираи машрубот баргузор шуд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

"Дирӯз дар саросари шаҳр амалиёти мусодираи машрубот доир шуд. Дар бозорҳо нуқтаҳои махсуси фурӯши май ва арақ мавҷуд аст, ба ҷуз онҳо ҳамаи мағозаҳоро низ тафтиш карданд", - гуфт хабарнигори бахши туркмании радио.

Ба гуфтаи вай, амалиёти охир ба талаботи қонуни нав "Дар бораи шарҳи таъсири манфии машрубот" рабт дорад. Қонуни мазкур моҳи декабри соли 2018 қабул шудааст.

Сарфи назар аз қонуни охир, дар Туркманистон чанд сол аст, ки мақомот талош доранд фурӯши май ва арақро манъ кунанд. То соли ҷорӣ манъи фурӯши машрубот танҳо дар остонаи ҷашнҳо ё маъракаҳои саросарӣ сурат мегирифт. Ҳамакнун дар Туркманистон мехоҳанд, фурӯши машруботро комилан манъ кунанд.

XS
SM
MD
LG