Ссылки доступа

"Гурӯҳи 24" мехоҳад, номашро аз рӯйхати созмонҳои тундрав хориҷ кунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 26-уми феврали соли 2019. Зани гумонбар дар ҷой кардани сӯзан ба бадани тифлаш аз озодӣ маҳрум шуд. "Гурӯҳи 24" мехоҳад аз рӯйхати гурӯҳҳои ифротӣ хориҷ гардад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон мегӯяд, дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷангҷӯён ҷамъ шуданд ва матолиби дигар. (видео)

- Роҳи осонтарини дарёфти хабарҳои Радиои Озодӣ. Замимаи нави моро бигиред ва ҳамон лаҳза хабари нав ба дастатон мерасад. Роҳи осонашро дар ин видео нишон додаем. (видео)

- "Таксӣ" дар Ҳисор. На мошин, балки заврақ. Сокинони як русто дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо заврақ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Вале мегӯянд, роҳи осон нест. Ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад (видео)

- Беш аз 6000 ҷангҷӯи хориҷӣ дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон? Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз таҷаммӯи беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар доданд (видео)

- Ҳашт соли зиндон ба модари гумонбар дар сӯзанзании кӯдак. Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ҳашт сол зиндонӣ шуд. Муҳайё Ёқубова то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Даҳ рӯз фурсат дорад, то аз рӯи ҳукм шикоят кунад (видео)

- Чаро "Барқи Тоҷик" пулро саривақт намегирад? Дар ноҳияи Рӯдакӣ фақат як маркази нави пардохти пули барқ амал мекунад ва мардуми зиёде саргардон мешаванд, ки пулро дар куҷо ва зудтар пардозанд (видео)

- Мошине дар Душанбе оташ гирифт. Рӯзи 23-уми феврал дар кӯчаи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе як мошине оташ гирифт. Шоҳидони ҳодиса видеои оташ гирифтани мошинро ба мо фиристоданд ва гуфтанд, ки дар ин ҳодиса касе осеб надидааст (видео)

- Рақсу пойкӯбӣ дар рӯзи мотам. Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад (видео)

- Дар Душанбе корманди пешини китобхона ба додгоҳ муроҷиат кард. Ин зан бовар дорад, ки ӯро барои рӯймолаш барканор кардаанд. (видеои Настоящее время)​

- Чаро дар Тоҷикистон китоб намехонанд? (видеои Настоящее время)​

- Осиё: баҳс бар сари қоидаҳои бӯзкашӣ. Анҷумани бӯзкашҳои Қазоқистону Қирғизистон наметавонанд, дар робита ба қоидаи ягонаи ин навъи бозӣ ба созиш расанд. Дар Остона ҷаласаи нахустини ҳукумати нави Қазоқистон баргузор шуд. Дар пулҳои қазоқӣ дигар матни русӣ нахоҳад буд. (видеои Настоящее время)​

- Доналд Трамп ва Ким Чен Ин барои мулоқот вориди Ҳаной шуданд. (видеои Настоящее время)

- Қирғизистон ҳамкорӣ бо "Русгидро"-ро дар бахши бунёди нирӯгоҳҳо дубора баррасӣ дорад. (видеои Настоящее время)

- Духтари ҳиҷобпӯши ӯзбек бо вуҷуди бохташ дар додгоҳ, аз мубориза даст кашиданӣ нест. (видео)

- Соҳибкори хайрхоҳ. Чаро Халит Мерт ба қирғизистониҳо кумак мерасонад? (видео)

- Дар Қирғизистон хабари озори ҷинсӣ дар мактабҳои туркиро месанҷанд. (видеои Настоящее время)​

- Гаронтарин футболбозони Қазоқистон киҳо ҳастанд? Гаронтарин футболбози Қазоқистон 2,5 миллион евро арзиш дорад. Гаронтарин футболбози дунё - 200 миллион евро баҳогузорӣ шудааст. Кистанд онҳо? (Инфографика)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG