Ссылки доступа

Пушти дарҳои баста. Идомаи баррасии парвандаи фасодкорӣ дар навсозии маркази гармидиҳии Бишкек


Дар додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки Қирғизистон баррасии парвандаи фасодкорӣ дар сохтмони маркази гармидиҳии шаҳр барпо мешавад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баррасии парванда пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Ҷаласаи аввали додгоҳ низ ба ҳамин тартиб ҷараён гирифта буд. Нурбек Токтакунов, вакили мудофеи сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов гуфт, ки аз додгоҳ хостааст, чораи пешгирии Исҳоқов иваз ва баррасии парванда бозу озодона барпо шавад.

Дар ҷаласаҳои пешакии додгоҳӣ дархости ҷониби ҳимоя дар бораи партофтани бархе аз далелҳои парванда баррасӣ мешавад.

Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек, се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон - аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сатиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG