Ссылки доступа

Покистон гуфт, ду ҳавопаймои Ҳиндустонро сарнагун кард ва як сарнишинро асир гирифт


Мақомоти Покистон субҳи 27 феврал эълом доштанд, ки ду ҳавопаймои низомии Ҳиндустонро дар ҳудуди Кашмир сарнагун кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, як сарнишини ҳинду ба асорат афтодааст.

Низомиёни Ҳиндустон низ аз ин пештар тасдиқ карданд, ки як ҳавопаймои низомии онҳо дар минтақаи баҳсии миёни ин кишвару Покистон – Кашмир суқут кардааст.

Нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустон субҳи 26 феврал бахши покистонии Кашмирро ҳадаф қарор доданд. Ба иттилои хабаргузории ANI, 12 ҳавопаймои "Мираж 2000С"-и Ҳиндустон гӯё ба пойгоҳи ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористии "Артиши Муҳаммад" ва "Ҳизби Муҳаммад" бомб афканда, онро пурра маҳв карданд. "Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии Ҳиндустон пойгоҳҳои террористии Балакот, Чакотӣ ва Музаффаробод пурра маҳв шуданд", - навиштааст ANI.

"Ин як иқдоми зарурие барои ҳимояти кишвар буд. Сарвазир Нарендра Модӣ ба қувваҳои мусаллаҳи кишвар озодии амал дод", - изҳор дошт вазири рушди манобеи инсонии Ҳиндустон Пракаш Ҷавадикор дар шарҳи ҳамлаи ҳавопаймоҳои кишвараш.

Дертар вазири умури хориҷии Ҳиндустон Виҷай Гокхале гуфт, ҷангҷӯён ба ҳамлаҳои нави террористии зидди кишвараш омодагӣ медиданд ва зарбаҳои ҳавоӣ низ барои пешгирӣ аз ин ҳамлаҳо анҷом дода шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи зарбаҳо шумори зиёди ҷангҷӯён бо шумули фармондеҳонашон кушта шудаанд.

Вале мақомоти Покистон гуфтанд, дар минтақае, ки ҳадафи зарбаҳои нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустон қарор гирифт, ягон пойгоҳи террористӣ вуҷуд надошт ва касе ҳам ба ҳалокат нарасидааст. "Ҳеч гуна талафоти инсоние ба қайд гирифта нашудааст", - гуфт сухангӯи Нирӯҳои ҳавоии Покистон генерал-майор Азиф Ғафур.

Дар пайи ин ҳодиса нирӯҳои ҳавоии Ҳиндустону Покистон ба ҳолати омодабоши ҷангӣ гузашта, сиёсатшиносон аз ташаннуҷи авзоъ нигаронанд.

XS
SM
MD
LG