Ссылки доступа

Модари гумонбар дар сӯзанзании кӯдак 8 сол зиндонӣ шуд


Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Муҳайё Ёқубова бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ҳашт сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Барои шикоят аз болои ҳукм ба зинаҳои болоӣ даҳ рӯз фурсат дорад.

Муҳайё Ёқубоваи 27-сола дар "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ"-и писараш Муддасир Каримов (ҳоло якунимсола, дар вақти ҳодиса 9-моҳа буд) айбдор эълом шуд. Худи Қубова аз ин ҳукм розӣ нест ва мегӯяд, гуноҳро зери фишор ва таҳдиди пулис ба дӯш гирифта буд. "Ҳеч модар наметавонад дар ҳаққи фарзандаш чунин рафтор кунад", - изҳор дошт ӯ.

Ёқубова афзуд, "дар идораи милиса маро бозпурсӣ ва таҳдид карда буданд. Гуфтанд, ки писари калониамро аз ман ҷудо мекунанд. Аз тарс нишондоди бардурӯғ додам. Аммо дар ҷараёни мурофиа ҳеч гоҳ маро бо онҳо рӯбарӯ накарданд".

Муҳаббат Усмонова – вакили мудофеи Ёқубова гуфт, аз рӯи ҳукм ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. “Ман ва нафари таҳти ҳимоятам бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ умуман розӣ нестем. Бовар дорем, ки ҳеч модар нисбат ба фарзанди худ ин корро раво намебинад. Ҳатто ҳайвон ҳам ба фарзанди худ зарар намерасонад”, - гуфт ӯ.

Моҳи июли соли 2018 пизишкони бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе аз ошкор шудани 13 сӯзан дар бадани писари 9-моҳаи Муҳайё Ёқубова хабар доданд. Табибон гуфтанд, кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст.

​Ташхиси “рентгенӣ” сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари бадани кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафта буд. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро аз бадани Мудассир берун овардаанд. Ба гуфтаи табибон, 7 сӯзани дигар дар бадани Мудассир боқӣ мондааст ва берун овардани онҳо барои саломатии ӯ хатарнок мебошад.

XS
SM
MD
LG