Ссылки доступа

Амрико пулҳои рабудаи хонаводаи Боқиевҳоро ба Қирғизистон баргардонд


Вазорати адлияи ИМА эълом кард, ки 4,5 миллион долларро ба Қирғизистон баргардонидааст. Ин маблағро хонаводаи президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва писараш Максим рабуда буданд.

Ба иттилои вазорати адлияи ИМА, 4,5 миллион доллар ба суратҳисоби вазорати молияи Қирғизистон интиқол дода шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон тавассути ширкатҳои ҳуқуқӣ аз ИМА хоста буд, ин пулҳо ба Қирғизистон интиқол ёбанд. 4 октябри соли 2018 вазорати адлияи ИМА дархостро таъйид кард.

"Баргардонидани ин маблағ дар муносибатҳои ду кишвар аҳамияти зиёд дорад. Ин рӯйдод баёнгари пуштибонии ҳукумати ИМА аз сиёсати зиддикоррупсионии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аст", - гуфта буд Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА.

Вай афзуд, пулҳои мазкур барои рушди минтақаҳо, таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ ва ғайра харҷ мешаванд.

Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар таърихи 7 апрели соли 2010 дар натиҷаи инқилоби мардумӣ аз мақом барканор шуд ва ҳоло дар Белорус зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG