Ссылки доступа

Бонуи сатрпӯш Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 27 феврали соли 2019. Бонуи сатрпӯш донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид, муноқишаи Покистону Ҳиндустон бо сарнагунии ҳавопаймоҳо идома пайдо кард, солгарди бадарғаи мардуми чечен, манъи тарғиби президенти Тоҷикистон дар клипҳои телевизионӣ ва болоравии нархи сабзавот дар бозорҳои Душанбе. (видео)

- Сардиҳо нархи сабзавотро дар Тоҷикистон боло бурд. (видео)

- Афзоиши пулҳои фарсуда дар Кӯлоб "ҷанҷол" меофарад. Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад (видео)

- "Мурдаҳоро мепартофтанд, намемонданд гӯр кунем". Аз бадарғаи ним миллион қафқозӣ дар замони Сталин 75 сол гузашт. Мардуме ки азоби он замонро кашидаанд, бе ашк онро ба ёд оварда наметавонанд (видео)

- "Маро ба хотири рӯймол пеш карданд". Баҳси як зан бо Донишгоҳи тиббӣ. Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст (видео)

- "Таксӣ" дар Ҳисор. На мошин, балки заврақ. Сокинони як русто дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо заврақ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Вале мегӯянд, роҳи осон нест. Ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад (видео)

- Осиё: боздоштҳо дар эътирозҳои Қазоқистон. Пулиси Қазоқистон зидди онҳое, ки ҳангоми анҷумани Ҳизби "Нур Отан" тазоҳурот карданд, аз нирӯ истифода кард. Дар Бишкек баррасии парвандаи фасодкорӣ дар тарҳи бозсозии маркази гармидиҳӣ оғоз шуд. Дар миёни гумонбарон ду сарвазири пешин ҳам ҳастанд. (видео Настоящее время)​

- Вазъи Алмато - пойтахти пешини Қазоқистон. (видео)​

- "Бигзор Назарбоев биравад!" Боздошти гирдиҳамомадагон дар Алмато. (видео)​

- Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон даҳҳо сокинро боздошт кард. (нигористон)

- Ҳомиёни ҳуқуқ дар бораи боздоштҳои Қазоқистон. (видеои Настоящее время)​

- Нирӯҳои ҳавоии Покистон ду ҳавопаймои Ҳиндустонро сарнагун карданд. (видеои Настоящее время)

- "Сирри қудрат". Айсулу Мамашева: давраи президенти кунунӣ демократитар аст. Ба назари ҷавонтарин вакили порлумони Қирғизистон Айсулу Мамашева, дар майдони сиёсии он кишвар самимият ва иштироки ҷавонон камтар аст. Ӯ дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" гуфт, ки чи гуна ҳукумати Қирғизистон кори порлумонро нодида мегирад ва кадом нақшаҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустии он кишвар вуҷуд дорад. (видео)

- Таърифу тавсифи Назарбоев дар анҷумани ҳизби ҳоким (видео)​

- Қирғизистон масъалаи ҳамкорӣ бо "Русгидро"-ро дубора баррасӣ мекунад. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG