Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон боздошти мансабдорони баландпоя идома дорад


Чанд манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон хабар доданд, ки маъмурони Хадамоти амнияти президент 23 феврал муовини сардори Идораи кадрҳои Вазорати адлияи ин кишвар Юсуф Хоҷаевро боздошт кардаанд.

Боздошти Хоҷаеви 58-сола дар пасманзари дастгир шудани даҳҳо мансабдори баландпояи Хадамоти амнияти давлатӣ ва мақомоти додситонии Ӯзбекистон сурат мегирад.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфт, Юсуф Хоҷаев дар доираи парвандае боздошт ва бозпурсӣ мешавад, ки зидди раҳбарони дастгиршудаи Хадамоти амнияти давлатии он кишвар боз шудааст.

Ёдрас мешавем, манобеъ 13 феврал хабар дода буданд, ки раиси барканоршудаи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев ба муҳлати як моҳ ба ҳабс гирифта шуда, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи хадамот бозпурсӣ мешавад.

Юсуф Хоҷаев, ки дар миёни ҳамкоронаш бо лақаби "Юсуфи тасмимгир" маъруф аст, гӯиё дар ҳолатҳои ришвахории миёни раҳбарияти пешини Хадамоти амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуи Ӯзбекистон даст дорад.

Як ҳуқуқшинос аз шаҳри Тошканд гуфт, наздикони Юсуф Хоҷаев дар ҳоли ҳозир вакили дифоъ ҷустуҷӯ дорад.

XS
SM
MD
LG