Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон ҳукми арӯсрабоёнро бетағйир гузошт


Додгоҳи шаҳри Бишкек 27 феврал ҳукми додгоҳи ноҳияи Свердлови Қирғизистонро дар доираи парвандаи куштори Бурулай Турдаалӣ қизӣ дар идораи пулис тағйир надод. Дар ин бора вакили дифои ҷониби ҷабрдида Есения Рамазанова хабар дод.

Дар доираи парвандаи мазкур Марс Бодошев ҳамчун гумонбари асосӣ 20 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум шуда, дусти ӯ Акмат Сейитов низ дар ҷиноят "шарик" эътироф ва 7 сол зиндонӣ гашт.

Ёдрас мешавем, 27 майи соли 2018 дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдаалии 20-сола аз захми корд ҷон бохт. Духтарро Марс Бодошев корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Бодошев баъдан худро низ захмӣ кард.

Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи он дастур дод. Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса эълом кард, ки 23 корманди он муҷозот шуда, 13 нафар бо шумули сардори пулиси вилояти Чуй Нурлан Сарчаев, ду муовини ӯ Марлис Асанову Канат Жумаев ва сардори пулиси Жайил Муратбек Исмоилов мақомҳои худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG