Ссылки доступа

Камии сабзавот нархи онро дар бозорҳои Тоҷикистон боло бурд (видео)


Барфрезии шадид ва баста шудани чанд ҷодаи аслии интиқоли молу коло дар чанд рӯзи пеш сабаби болоравии нархи маҳсулот, ба хусус сабзавоти воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст.

Тоҷирон мегӯянд, ҳанӯз маҳсулоти полезии гармхонаҳои кишоварзони маҳаллӣ вориди бозор нашудааст. Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш дар поёни моҳи феврал сабзавоти гармхонаҳои маҳаллӣ дар бозор ҷойи маҳсулоти воридотиро танг мекард.

Райҳон Бурҳонова, тоҷири маҳсулоти полезӣ дар бозори "Меҳргон"-и Душанбе мегӯяд, ки ҳамасола аз ҳама аввал маҳсулоти полезии водии Вахш ба бозор меомад. Аммо ӯ аз қавли деҳқонон гуфт, ки дар гармхонаҳои ин минтақа имсол беморие паҳн гаштааст ва бинобар ин маҳсулоти полезӣ аз ин минтақа танҳо пас аз ду ҳафтаи дигар ба бозор медарояд.

Ба гуфтаи Бурҳонова, дар ҳоли ҳозир як килограм помидор аз Самарқанд 25 сомонӣ, аз Чин 23 сомонӣ ва аз Қирғизистон 20 сомонӣ қимат дорад. Як килограм помидори Тоҷикистон 18 сомонӣ аст.

На таджикских рынках подорожала импортная овощная продукция
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:35 0:00

Дар аксари бозорҳои Тоҷикистон ба ҷуз аз чанд навъи меваи маҳаллӣ, бештари меваву маҳсулоти полезӣ аз хориҷ ворид мешавад. Теъдоди кишварҳои воридкунандаи чунин маҳсулот ба бозорҳои Тоҷикистон ҳам дар ҳоли афзоиш аст.

Бар пояи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли гузашта кишоварзони кишвар дар ҳудуди 70 гектар полезиҳои гармхонаӣ парвариш карда, 1619 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1113 тонна помидор, 292 тонна бодиринг ва 214 тонна анвои дигари сабзавот ба даст оварданд. Ин рақам назар ба як сол пеш ҳудуди 200 тонна бештар будааст.

XS
SM
MD
LG