Ссылки доступа

Трамп ва Ким Чен Ин дар мулоқоти Ҳаной ба созише нарасиданд


Доналд Трамп ва Ким Чен Ин дар мулоқоти Ҳаной ба созиш нарасиданд. Дар ин бора Кохи сафеди ИМА дар поёни мулоқоти роҳбарони Амрико ва Куриёи Шимолӣ хабар дод.

Мулоқоти ду роҳбар рӯзи панҷшанбе барпо шуд. "Ду кишвар гуфтугӯҳоро идома хоҳанд дод", - омадааст дар изҳороти Кохи сафед.

Зиёфати нисфирӯзии муштараки Трамп бо Ким бекор шуд, ҳамчуноне, ки пештар аз ин маросими имзогузории ҳуҷҷатҳо бекор гардида буд. Трамп ва Ким Чен Ин макони гуфтугӯҳоро тарк карданд.

Дар нишасти хабарӣ Трамп гуфт, ки масъалаи асосӣ дар гуфтугӯҳо бо Ким Чен Ин талаби Куриёи Шимолӣ дар робита ба комилан бекор кардани таҳримҳои зидди Пхенян буд, аммо ИМА инро қабул накард.

Ҳам Трамп ва ҳам котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфтанд, ки ҳамоно барои расидан ба созиш "назари мусбат доранд". Ба гуфтаи Помпео, саммити Ҳаной барои расидан ба чунин ҳадаф кумак кард, вале, мутаассифона, имкон нашуд, ки ҳамаи масир тай гардад. Трамп гуфт, вай мисли гузашта муносибатҳои хуб ва "дӯстона"-ро бо Ким нигоҳ хоҳад дошт.

Ба гуфтаи президенти ИМА, роҳбари Куриёи Шимолӣ ваъда кардааст, ки дигар мушаки ҳастаӣ озмоиш нахоҳад кард.

Рӯзи панҷшанбе дувумин рӯзи гуфтугӯҳои Трамп бо Ким буд. Дар ин гуфтугӯҳо халъи силоҳи ҳастаии Пхенян баррасӣ шуд. Пеш аз оғози нишаст Трамп гуфт, тасмим надорад, барои расидан ба "созиши дуруст" шитоб кунад. Агар "муносибатҳо хуб бошанд, пас корҳое хубе анҷом хоҳанд шуд", - афзуд Трамп. Ким Чен Ин дар навбати хуб гуфт, "тамоми ҷаҳон" ба дидори онҳо нигоҳ мекунад.

Барои дидори рӯзи панҷшанбе 5 соат ҷудо шуда буд, аммо ин мулоқот ҳамагӣ наздики 3 соат давом кард. Ин дувумин саммити ИМА бо Куриёи Шимолӣ аст. Саммити нахустин дар моҳи июн дар Сингапур бароп шуда буд.

XS
SM
MD
LG