Ссылки доступа

Қазоқистон омодааст, маҳдудияти воридоти сабзавоту меваи Қирғизистонро бекор кунад


Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфтугӯҳои ҳукуматии Қирғизистону Қазоқистон дар мавзуи манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии қирғизӣ баргузор шуд. Ҷониби Қазоқистон хабар дод, ки омода аст, маҳдудиятро бекор кунад.

Маркази матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар медиҳад, ки ҷонибҳо харитаи роҳро дар масъалаи тақвияти назорати фитосанитарӣ имзо карданд. Дар ҳуҷҷат 17 чораи мушаххас зикр шудааст.

Ҷониби Қирғизистон аз Қазоқистон хостааст, ки дар навбати аввал манъи воридоти картошка, себ ва хурмо бекор шавад. Мақомоти Қазоқистон ваъда кардаанд, ки дар фурсатҳои наздик ин маҳдудиятро аз байн хоҳанд бурд.

XS
SM
MD
LG