Ссылки доступа

Номи яке аз тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд маълум шуд


Дар остонаи мурофиаи гумонбарони ташкили ошӯб дар зиндони Хуҷанд, баъзе аз ҷузъиёти парванда дастраси расонаҳо шуд. Муфаттишон Амиралӣ Давлатови 42-сола аз Кӯлобро яке аз "тарроҳони ошӯб дар зиндони Хуҷанд" унвон кардаанд.

Ӯ шаш сол пеш бо ҷурми "терроризм" ба 19 соли ҳабс маҳкум шуда, дар зиндони №3 Хуҷанд нигоҳдорӣ мешуд.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли гузашта дар пайи ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд, ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Мақомот қаблан сабаби сар задани ошӯбро "талоши фирор аз зиндон" гуфтанд.

Таҳқиқи парванда, ки бо иштироки чанд сохтори ҳифзи ҳуқуқ ва зери назари Додситонии кулли Тоҷикистон ҷараён гирифт, се моҳ идома кард. Ҳоло парванда барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Яке аз масъулони огоҳ аз ҷузъиёти парванда дар Додситонии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 28-уми феврал гуфт, муфаттишон ба ин натиҷа расиданд, ки Амиралӣ Давлатов яке аз ташкилкунандагони ошӯб дар зиндони Хуҷанд буда, барои ин кор чаҳор моҳ омодагӣ дидааст.

Исми Амиралӣ Давлатов барои матбуоти тоҷик ошност. Давлатов шаш сол қабл ҳамроҳ бо Алимурод Маханов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми "омодагӣ ба тарконидани бинои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон" дастгир шуд.

Дар айбномаи додгоҳии Давлатов дар соли 2014 гуфта шуд, ки ин узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон масъули таркиши соли 2012 дар бинои дискоклубе дар Кӯлоб низ мебошад ва бар асоси ҳамин иттиҳомот ва моддаи “терроризм” ба 19 соли зиндон маҳкум шуд. Наздикони Давлатов мегӯянд, ӯ ҳукми додгоҳро эътироф накарда буд.

Ба иттилои манбаи огоҳ аз ҷузъиёти парванда, Давлатов дар мурофиаи додгоҳӣ ба ҳайси яке аз ташкилкунандаву ташаббускорони ошӯб муҳокима мешавад ва дар сурати исботи гуноҳ, ҳукми феълии ӯ боз ҳам сангинтар хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, дар парвандаи ошӯб дар зиндони Хуҷанд, исми беш аз 30 зиндонӣ зикр шудааст, ки ба ҳайси гумонбарони ширкат дар ин ҳодисаи пурқурбонӣ муҳокима хоҳанд шуд. Дар изҳороти қаблии мақомоти Тоҷикистон таъкид шуд, ки аксари иштирокдорони ошӯб гумонбарон дар узвияти созмонҳои мамнӯи ифротие ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва дигарон буд.

Манбаи огоҳ аз парванда дар додгоҳи вилояти Суғд гуфт, ба бовари тафтишот, Амиралӣ Давлатов ва гумонбарони дигари иштирок дар ошӯб, “тақрибан чор моҳ” омодагӣ диданд ва “худи ӯ чанд нафарро барои ширкат дар ошӯб ташвиқ кардааст”. Тафтишот нақши Давлатовро дар ин ҳодиса ҳарчанд ба ҳайси ташкилкунанда арзёбӣ мекунад, вале мегӯяд, мустақим дар он ҳодисаҳо ширкат накардааст.

“Аз рӯйи маслиҳати пешакӣ, он шаб ба назди ӯ ҳамсараш омада буд ва бояд занони зиндониёнро дар макони мулоқот гаравгон мегирифт. Лекин бинобар хомӯш шудани барқ дигар коре карда натавонист”, - афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сӯҳбат бо журналистон рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар соатҳои сар задани ошӯб дар зиндон бархе хешовандони зиндониҳо барои дидорбинӣ қарор доштанд ва нирӯҳои ОМОН ба хотири роҳ надодан ба қурбонии зиёд вориди саҳна шуда, дар пахши ошӯб иштирок карданд.

Манбаи огоҳ аз парванда дар идомаи шарҳаш гуфт, тафтишот ин гумонҳоро то ҷое тасдиқ кард, ки сабаби ошӯб вуҷуди муносибатҳои “ғайрионномавӣ” нисбат ба маҳбусон буд. Ӯ аз истифодаи вожаи “шиканҷа” ваё “бадрафторӣ” нисбат ба маҳбусон худдорӣ кард, вале гуфт:

“Маҳбусон дар ҳақиқат дар дохили зиндон мушкилӣ доштаанд. Тафтишот исбот кард, ки дар ҳақиқат нисбат ба баъзеи онҳо рафтори нодуруст шудааст. Фикри ошӯб ҳам пас аз ҳамин рафторҳои нодуруст ва хилофи оинномаи маҳбасхона пайдо шудааст, вале онҳоро андешаҳои ифротӣ барои иҷрои ин амал бо ҳам муттаҳид кардааст”, - гуфт ӯ.

Як хулосаи дигари тафтишот ин аст, ки ошӯбгарон “ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои тундрав дар берун аз маҳбас надоштанд”, вале “ақидаи ҷиҳодӣ” дар сар задани ошӯб нақши калидӣ дошт.

Дар пайи ошӯб дар зиндон гурӯҳи “Давлати исломӣ” иддао карда буд, ки ин ҳодиса кори дасти аъзои ин созмон аст. Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистон созмони мамнӯъ ва террористӣ аст.

XS
SM
MD
LG