Ссылки доступа

Як модари қубодиёнӣ аз дасти "Давлати Исломӣ" (ДИ) фиор кардааст (гулчин)


- Ахбори Озодӣ аз 28-уми феврали соли 2019. Рӯй задани мушкилоти сабти симкортҳо дар Тоҷикистон. Як модари қубодиёнӣ аз дасти "Давлати Исломӣ" (ДИ) гурехтааст. Мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ин натиҷа надод. Кӯдакон то мактаб бояд 7 километрро тай кунанд. Мӯъҷизаи табибон: Ҳифзи тифли 200 граммӣ. (видео)

- Сардиву барфи зиёд боиси болоравии нархи сабзавот дар Тоҷикистон шудааст. (видео)

- "Таксӣ" дар Ҳисор. На мошин, балки заврақ. Сокинони як русто дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо заврақ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд. Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Вале мегӯянд, роҳи осон нест. Ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад (видео)

- Афзоиши пулҳои фарсуда дар Кӯлоб "ҷанҷол" меофаранд. Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад (видео)

- "Нохонда, ки омад чӣ кунем?" Дар бораи фарҳанги меҳмондорӣ сокинони шаҳри Душанбе андешаҳояшонро гуфтанд (видео)

- "Мурдаҳоро мепартофтанд, намемонданд гӯр кунем". Аз бадарғаи ним миллион қафқозӣ дар замони Сталин 75 сол гузашт. Мардуме, ки азоби он замонро кашидаанд, бе ашк онро ба ёд оварда наметавонанд (видео)

- "Маро ба хотири рӯймол пеш карданд". Баҳси як зан бо Донишгоҳи тиббӣ. Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст (видео)

- Деҳаҳои фаромӯшшуда. Деҳаи Жалгиз-Терек дар ноҳияи Норини Қирғизистон гӯиё дар асри гузашта мондааст (видео аз Директ)

- Осиё: боздоштҳо дар Қазоқистон ва ҳукми додгоҳ зидди президенти пешини Қирғизистон. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар рӯзи анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон ҳудуди 200 касро боздошт карданд, вале пулис мегӯяд, иддао асос надорад. Додгоҳе дар Қирғизистон президенти пешин Алмосбек Отамбоевро вазифадор кард, ки беш аз 4 ҳазор доллар ҷуброн пардозад. (видеои Настоящее время)

- Барои расидан ба мактаб 7 километрро тай мекунанд. Дар Қирғизистон гуруҳе аз хонандаҳои мактаби рустои Долобуи вилояти Норин аксаран ба дарсҳои аввал дер меоянд ва ё умуман намеоянд. Муаллимон ҳам бо вуҷуди ин муҳассилонро сахт намегиранд, чун медонанд, ки кӯдакон чандин километрро пиёда тай карда ва аз роҳи дур меоянд. (видео)​

- Қазоқистон. Боздоштшудаҳо аз нақзи ҳуқуқи инсон шикоят доранд.(видео)​

- Дар Алмато пулис даҳҳо нафарро дастгир кард. Дар рӯзи анҷумани Ҳизби ҳокими "Нур Отан" дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон фаъолони маданиро боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд. (нигористон)

- Ҳиндустону Покистон дар Кашмир тирпаронӣ карданд. (видеои Настоящее время)

- Қатораи зиреҳпӯшу рахтҳои гулобӣ. Ким Чен Ин бо чӣ аз саммити Ветнам баргашт. (видеои Настоящее время)

- "НАТО ҳамеша дар паҳлӯ аст". Сафири ИМА дар Иттиҳоди Аврупо дар бораи сафараш ба Украина. (видеои Настоящее время)

- "Дар саммит ҳатто созиши рамзӣ ҳосил нашуд". Профессори донишгоҳи Кунмин дар бораи вохӯрии Трампу Ким Чен Ин. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG