Ссылки доступа

Соҳибкори ӯзбек бо эътироз аз тахриб шудани қаҳвахонааш худро оташ зад


Дар ноҳияи Тирмизи Ӯзбекистон соҳибкори 38-сола Бахтиёр Элтонов ба нишони эътироз аз тахриб шудани қаҳвахонааш худро дар назди бинои ҳукумати ноҳия оташ задааст. Мақомоти маҳаллӣ ҳодисаро "саҳнасозӣ" мегӯянд.

Ин ҳодиса 27 феврал рух дода, видеои худсӯзии соҳибкорро худи он рӯз сомонаи mover.uz нашр кард. Бахтиёр Элтонов баъди он даст ба худсӯзӣ задааст, ки мақомот қаҳвахонаи бо пули қарз бунёдшудаи ӯро тахриб карданд ва ба муроҷиатҳои пай дар пайаш низ гӯш накардаанд.

Вале як масъули ҳукумати ноҳияи Тирмиз гуфт, соҳибкори мазкур ҳеч гуна қаҳвахона надошт ва боре ҳам ба онҳо муроҷиат накардааст.

"Ӯ қарздор буд ё не, ба мо маълум нест. Мо намедонам, ки вай чи мушкил дошт. Ба назди бинои ҳукумат омада, нахуст таҳдид кард ва сипас ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ зад. Ин мард ҳечгоҳ ба мо муроҷиат накардааст. Агар муроҷиат мекард, номаш дар дафтари қайдҳо сабт мешуд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як корманди шуъбаи сохтмони ҳукумати Тирмиз гуфт, қаҳвахонаи соҳибкор Бахтиёр Элтоновро барои он тахриб карданд, ки дар канори роҳ ғайриқонунӣ бунёд шуда буд. "Қаҳвахонаи соҳибкор ғайриқонунӣ бунёд шуда буд. Сухан аз кадом қарз аст ва онро барои чӣ гирифтааст, мо хабар надорем", - изҳор дошт ӯ.

Бино ба иттилои манобеъ, дар ҳоли ҳозир Бахтиёр Элтонов дар беморхонаи ноҳиявии Тирмиз бистарӣ аст.

Муовини сардухтури ин беморхона Аваз Каҳҳоров гуфт, 20 дарсади бадани Бахтиёр Элтонов сӯхтааст. Вале дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, ҷони соҳибкор дар хатар нест.

Дар Шуъбаи пулиси Термез гуфтанд, ки дар робита ба худсӯзии Бахтиёр Элтонов тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG