Ссылки доступа

Amnesty International хостори озодии фаврии Шарофиддин Гадоев шуд


Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Созмони Афви Байнулмилалӣ (Amnesty International) 28 феврал бо нигаронӣ аз вазъи Шарофиддин Гадоев, аз додситони кулли Тоҷикистон тақозо кард, ки ин фаъоли сиёсиро аз таҳдиди шиканҷа ҳимоят ва ба гунаи бидуни таъхир озод кунад.

Дар муроҷиати хаттии Amnesty International ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, ​"тақозо мекунем, ки Шарофиддин Гадоев аз таҳдиди шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ эмин бошад. Бидуни маҳдудият ба вакили мудофеи мавриди назараш, оилааш ва ҳама гуна ёрии тиббии зарурӣ дастрасӣ дошта бошад. Агар ӯ дар боздоштгоҳи сохторҳои ҳуқуқ бошад, ӯро зуд озод кунед".

Дар идома гуфта шуда, ки барои боздошти Гадоев ва эълони айб бар асоси ҷурмҳои ҷиноӣ мақомот бояд тибқи қонунҳои байналмилалӣ далелҳои боварбахш пешкаш кунанд.

Созмони Афви Байнулмилалӣ менависад, ки бозгашти Гадоев ихтиёрӣ набуд ва ӯ дар боздошти сохторҳои қудратӣ қарор дорад. “Ба Гадоев шиканҷа ва бадрафторӣ таҳдид мекунад”, - гуфтааст созмон.

Шарофиддин Гадоеви 33-сола, яке аз наомнядагони фаъоли мухолифони тоҷик дар Аврупо ва мунтақиди шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 15-уми феврал дар Душанбе пайдо шуд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо ихтиёри худ ба ватан баргашта ва гуфтааст, аз фаъолиятҳои сиёсиаш “пушаймон шудааст”. Вале ҷонибдорони ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, аз ҷумла Human Rights Watch мегӯянд, Гадоев рабуда ва иҷборан ба Душанбе оварда шудааст. Феълан макони будубош ва нигаҳдории Шарофиддин Гадоев маълум нест.

XS
SM
MD
LG