Ссылки доступа

Оғози амалиёт дар охирин ҷазираи "Давлати Исломӣ" дар Сурия


Шӯришгарони мавриди ҳимояти ИМА дар Сурия амалиёти озодии охирин минтақаи аҳолинишинро аз дасти ҷангҷӯёни гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) оғоз карданд.

Намояндаи эътилофи курду арабҳо - "Нирӯҳои демократии Сурия" (НДС) гуфт, шӯришгарон ҳоло ба шаҳраки Боғузи вилояти Дайр-аз-Зор ҳамла доранд ва "садҳо" ҷангҷӯи ДИ-ро ҳадаф гирифтаанд, ки бештари онҳо зархариди хориҷиянд. Ҳамлаи НДС ба Боғуз 28 феврал оғоз шудааст.

Раҳбарияти НДС рӯзи якшанбе гуфт, тақрибан 300 шаҳрванди Сурияро озод карданд, ки бо "роҳи фиреб" дар вақтҳои гуногун ба сафи ДИ пайваста, вале "хунеро нарезондаанд". Бино ба иттилои France-Presse, ин изҳороти раҳбарияти НДС дар арафаи ҳамлаи ҳалкунандаи шӯришгарон ба мавзеъҳои ДИ дар Боғуз садо дод.

Пештар хабар доданд, ки дар омодагии ҳамла ба охирин мавзеи ҷангҷӯёни ДИ низомиёни махсуси ИМА, Фаронса ва Бритониё кумак кардаанд. Ҳамла пас аз бурунрафти сокинони осоишта аз минтақаи мазкур ба нақша гирифта шудааст. Курдҳо низ ба ҷангиёни ДИ охирин имкониятро доданд, то худро таслим кунанд.

Бар пояи баъзе аз нишонаҳо, ҷангиён тавони муқовимати тӯлониро надоранд ва бархе аз онҳо аллакай талош кардаанд, зери ниқоби сокинони осоишта шаҳракро тарк намоянд. Ҳамчунин тундравон розӣ шудаанд, ки бархе аз асиронро бо маводи ғизоӣ иваз кунанд.

Ахиран президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ДИ 100%-и қаламрави зери идораи худро дар Сурия аз даст додааст ва ҳоло дар минтақаи на он қадар бузурги Боғуз танҳо садҳо ҷангҷӯе мондаанд, ки эҳтимол дорад, то охир муқовимат кунанд.

XS
SM
MD
LG