Ссылки доступа

Sunday Times: Трамп аз Ким бастани корхонаи махфиро талаб кард


Сабаби ба нокомӣ рӯбарӯ шудани гуфтугӯҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ дар ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳаной талаби бастани корхонаи махфии ғанисозии урани Куриёи Шимолӣ будааст, - хабар медиҳад нашрияи бритониёии Sunday Times.

Ба иттилои нашрия, ҳайати ИМА дар саммити Ҳаной ба намояндагони Куриёи Шимолӣ хабар додааст, ки хадамоти иктишофии Амрико дар бораи иншооти махфие бо номи "Кангсон", дар наздикии Пхенян иттилоъ дорад. Трамп аз Ким талаб кард, ки иншооти мазкурро тахриб кунад, аммо Ким посухи рад дод. Баъди ин радду бадал гуфтугӯҳо пеш аз вақт, бидуни зиёфати муштарак ва имзои қатънома ба поён расиданд.

Гуфта мешавад, хадамоти иктишофии ИМА корхонаи мазкурро тавассути таҳлили аксҳои аз кайҳон бардошташуда ошкор кардааст. Дар бораи корхонаи мазкур пештар низ иттилоъ буд, аммо расонаҳо дар ин бора нисбатан гузориши камтар нашр мекарданд.

Доналд Трамп баъди анҷоми гуфтугӯҳои Ҳаной хабар дод, ки Ким Чен Ин дар ивази маҳви силоҳи ҳастаӣ бекорсозии комили таҳримҳои амрикоиро талаб кардааст. Трамп мегӯяд, ба ҳамин далел тарки гуфтугӯҳо кард. Намояндагони Куриёи Шимолӣ гуфтанд, лағви таҳримҳоеро талаб кардаанд, ки ба аксарияти аҳолии он кишвар дахл доранд.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ИМА мегӯянд, ба идомаи гуфтугӯ омодаанд. Рӯзи якшанбе ИМА ва Куриёи Ҷанубӣ гуфтанд, размоишҳои ҳамасолаи низомиро дар соли ҷорӣ баргузор нахоҳанд кард. Чунин тасмим бо ҳадафи фароҳам кардани шароит барои эҳёи гуфтугӯҳо бо Куриёи Шимолӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG