Ссылки доступа

Ҳукумати Тошканд имомонро ба пешгирӣ аз бисёрникоҳӣ даъват кард


Дар бинои "Маркази ҷавонон"-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 1 март мулоқоти имомони масоҷиди он шаҳр баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии ҳукумати шаҳри Тошканд иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот вазъи масҷидҳои пойтахт баррасӣ шуда, мақомот аз имомон хостаанд, ба шаҳрвандоне кумак расонанд, ки аз роҳи рост берун шудаанд.

Ба ҷуз ин, дар мулоқот масъалаи густариши бисёрникоҳӣ дар Ӯзбекистон баррасӣ гардидааст. Ҳукумати Тошканд аз имомон хостааст, дар пешгирии бисёрникоҳӣ саҳм гузоранд. Аз онҳо талаб шудааст, ки бидуни хатти никоҳи расмӣ никоҳи шариатиро набанданд.

Дар Тошканд расман 119 масҷид фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG