Ссылки доступа

Путин иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳоро манъ кард


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин 4 март иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро манъ кард, ки миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА имзо шуда буд. Дар ин бора сомонаи Кремл рӯзи 4 март хабар дод.

Дар фармони президенти Русия сабаби ин тасмим "нақзи созишнома аз ҷониби ИМА" гуфта шудааст. Вазорати умури хориҷии Русия бояд ҷониби Амрикоро аз ин қарор огоҳ кунад. Фармони президент дар бораи қатъи иҷрои созишнома аз дирӯз эътибор пайдо кард.

Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки паймони низомӣ бидуни Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози Русия ва ИМА "ба сулҳ омода мешавад". Раҳбари паймон гуфт, Москва барои баргашт ба риояи созиш фурсати охиринро дорад. Столтенберг аз Русия даъват кард, ки ин фурсатро аз даст надиҳад. Ӯ гуфт, ки НАТО аз пайи сабқати таслиҳотӣ нест ва мушакҳои ҳастаиро дар Аврупо мустақар намекунад.

ИМА рӯзи 2 феврал ба раванди берун шудан аз қарордоди маҳдудияти таслиҳоти мушакӣ оғоз кард. Санадро соли 1987 Роналд Рейган ва Михаил Горбачев имзо карда буданд. Амрико мегӯяд, ки ворид шудани мушаки 9М729 "Новатор" ба таслиҳоти Русия шарти созишномаро нақз кард.

XS
SM
MD
LG