Ссылки доступа

Табиби ӯзбекистонӣ барои фаъолияти бетанаффуси 34-сола $8 ҳазор рухсатпулӣ гирифт


Дар Ӯзбекистон ба табиб Х.Қаюмов барои истифода накардани рухсатии меҳнатӣ давоми 34 соли фаъолият 68,9 млн сӯм (бештар аз 8 ҳазор доллар) рухсатпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора аз Эътилофи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон хабар доданд.

Х. Қаюмов сар аз соли 1978 то соли 2018 дар бемористони вилояти Ҷиззах бе танаффус фаъолият кардааст. Аммо замони қатъи шартномаи меҳнатӣ ба ин табиб ҷуброни рухсатиҳои меҳнатиаш пардохта нашуд.

Қаюмов ба иттифоқҳои касаба муроҷиат ва аз ин тариқ ҳақталошӣ кард. Иттифоқи касаба тавассути додгоҳ аз ҳуқуқи табиб ҳимоят кард.

Дар ниҳоят додгоҳ қарор қабул кард, ки аз корфармо барои 34 соли фаъолияти бе танаффус 8,2 ҳазор доллари ИМА ба нафъи Қаюмов ҳамчун рухсатпулӣ рӯёнида шавад.

XS
SM
MD
LG