Ссылки доступа

Аз Остона хостанд, ҳуқуқ ба гирдиҳамоиҳоро эҳтиром кунад


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International боздошти шаҳрвандони Қазоқистонро дар таърихи 27 феврали соли ҷорӣ - дар рӯзи анҷумани ҳизби ҳокими "Нур Отан" маҳкум кард. Ин созмон аз ҳукумати Қазоқистон хост, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гирдиҳамоиҳои осоишта риоя кунад.

Дар изҳороте, ки рӯзи 4 март аз сӯи ин созмон нашр шуд, омадааст, рӯзи 27 феврал дар чанд шаҳри Қазоқистон садҳо эътирозгар боздошт шудааст. Боздоштҳои густарда дар Алмато ва Остона сурат гирифт.

"Мақомоти Қазоқистон бори дигар нишон доданд, ки уҳдадориҳояшонро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи гирдиҳамомадагон иҷро намекунанд ва касонеро, ки мехоҳанд аз ин ҳуқуқ истифода кунанд, шадидан саркӯб менамоянд", - омадааст дар изҳороти муҳаққиқи Amnesty International дар умури Осиёи Марказӣ Хеза Макгилл.

Ба гуфтаи созмон, пулис ҳангоми боздоштҳо аз нерӯ истифода кардааст. Дар бархе ҳолат, роҳгузарони бетараф ҳам боздошт шудаанд. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар Алмато наздики 100 кас боздошт шудааст.

"Мақомоти Қазоқистон бояд қонунгузориро тағйир дода, бо ин роҳ ҳаққи сокинонро ба гирдиҳамоиҳои осоишта ҳифз кунанд. Ба ҷуз ин, ба ҳамаи боздоштшудаҳои 27 феврал бояд ҷубронпулӣ пардохт ва пулис ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - изҳор доштааст Хеза Макгилл.

Бар асоси қонунгузории Қазоқистон, шаҳрвандон вазифадоранд, ки барои гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо иҷозати мақомотро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG