Ссылки доступа

Интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад. 1 гигабайт = 50 сомонӣ


Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон амр додааст, ки як мегабайт Интернетро аз 5 дирам арзон нафурӯшанд.

Ба ин тартиб, нархи як гигабайт (ҳазор мегабайт) Интернет дар Тоҷикистон бе назардошти андозҳо на кам аз панҷоҳ сомониро ташкил хоҳад дод. Бо дар назар гирифтани 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда ва панҷ дарсад аксиз, нархи як гигабайт Интернет ба беш аз 60 сомонӣ мерасад.

Дар ҳоли ҳозир нархи як гигабайт Интернет ба ҳисоби миёна аз 30 то 35 сомонист. Фармони нави Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март содир шуда, аз 27-уми март ба иҷро медарояд.

Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва инчунин, баста мондани чандин вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд.

Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.

Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо вазифадоранд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Баланду паст кардани суръати Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.

Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун, аз 15 то 40 дарсади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар фармони нави худ нархи зангҳои дохилӣ ва байналмилалиро, аз ҷумла тавассути NGN, боло бурдааст. Ҳоло нархи як дақиқа занги воридотӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон 94 дирам ё муодили даҳ сенти амрикоӣ ва нархи як дақиқа занг аз Тоҷикистон ба хориҷа 1 сомонӣ муқарар шудааст.

XS
SM
MD
LG