Ссылки доступа

Гулнора Каримова аз хона ба зиндон бурда шуд


Додситонии кулли Ӯзбекистон мегӯяд, духтари калонии президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова ба иллати нақзи муқаррароти ҳабси хонагӣ бо қарори додгоҳ дубора ба зиндон интиқол дода шуд.

Ба огаҳии додситонӣ, додгоҳи Тошканд 18 декабри соли 2017 Каримоваро 10 сол зиндонӣ карда буд. "Бо назардошти он ки Гулнора Каримова масъулияти баргардонидани пулҳои дуздидашуда ва пардохти ҷубронро ба давлат бар зимма гирифт, додгоҳи вилоятии Тошканд 1 июли соли 2018 ҳукми ҷазои ӯро ба 5 соли шартӣ иваз кард. Додгоҳ бо хоҳиши Каримова қарор кард, ки ӯ муҳлати ҳабси хонагиро дар манзили зисти духтараш Имон адо кунад", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Ҳамчунин як қатор маҳдудиятҳое буданд, ки Гулнора Каримова бояд риоя мекард. Аз ҷумла, ӯ ҳаққи тарк кардани манзили зисти духтараш, истифодаи дастгоҳҳои иртиботӣ ва интернетро надошт ва бояд ҷуброни зарарҳои расондаро ба давлат мепардохт.

Вале гуфта мешавад, Каримова уҳдадориҳои худ ва ҳамчунин қоидаҳои ҳабси хонагиро иҷро накардааст. Аз ҷумла, ӯ 22 ноябри соли 2018 бидуни иҷозат ва огаҳӣ маҳалли иқоматашро тарк карда, борҳо аз дастгоҳҳои алоқа ва интернет истифода бурдааст.

"Бинобар ин, додгоҳи ноҳияи Яшнобод 5 март дар асоси дархости Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон қарор кард, ки Каримова муҳлати боқии ҷазои худро дар зиндон сипарӣ кунад", - афзудааст додситонӣ.

Чанде пеш духтари Каримова - Имон низ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм кормандони додситонии Ӯзбекистонро ба он айбдор кард, ки модарашро ба самти номаълум бурданд.

XS
SM
MD
LG