Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ озмоишгоҳи ҳастаии худро барқарор мекунад


Куриёи Шимолӣ иншоотеро дубора бунёд мекунад, ки дар озмоишгоҳи мушакии Сохэ, воқеъ дар соҳилҳои ғарбии ин кишвар қисман тахриб шуда буд. Дар ин бора таҳлилгарони амрикоӣ паз аз омӯзиши наворҳои моҳвораӣ хабар доданд.

Кормандони Маркази пажӯҳишҳои стратегӣ ва байналмилалӣ дар Вашингтон Ҷозеф Бермудес ва Виктор Ча ба хулосае омадаанд, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ тайи рӯзҳои ахир дастгоҳи санҷидани муҳаррики мушакҳо ва бинои тавлиди мушакбарҳоро барқарор кардаанд. Зоҳиран ин корҳо пас аз дидори ахир ва беҳосили раҳбарони Куриёи Шимолӣ ва ИМА дар шаҳри Ҳаной анҷом шудаанд. Ким Чен Ин ва Доналд Трамп 28 феврал дар Ҳаной мулоқот карданд.

Ёдрас мешавем, мақомоти Куриёи Шимолӣ тахриби иншооти мазкурро пас аз мулоқоти якуми Трамп ва Ким Чен Ин дар моҳи июни соли гузашта дар Сингапур оғоз карда буданд.

Пхенян чанд моҳ дертар Сеулро бовар кунонд, ки омодааст, размоишгоҳи мушакиро комилан бандад. Вале мақомоти Куриёи Шимолӣ бо барқарорсозии размоишгоҳи Сохэ нишон доданианд, ки аз озмоиши мушакҳои худ даст кашиданӣ нестанд.

Пхенян аз моҳи ноябри соли 2017 ба ин сӯ, озмоиши мушакӣ анҷом надодааст ва Трамп ҳам борҳо инро яке аз дастовардҳои худ номидааст. Ёвари президенти ИМА Ҷон Болтон рӯзи сешанбе гуфт, ки агар Куриёи Шимолӣ аз барномаи ҳастаии худ даст накашад, Вашингтон омодааст, таҳримҳоро зидди Пхенян сахттар кунад.

XS
SM
MD
LG