Ссылки доступа

600 сомонӣ ҷарима – барои танқид аз роҳҳои пурбарфи Хоруғ


Як сокини вилояти Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз саривақт тоза нашудани кӯчаҳои Хоруғ аз барф хабар дод ва 600 сомонӣ ҷарима шуд. Мақомоти вилоят рӯзи 5-уми март гуфтанд, ки Идрис Ҷонмаҳмадов нисбати кормандони идораи коммуналии Хоруғ “маълумоти нодуруст додааст”.

Худи Ҷонмаҳмадов нахост, ки дар бораи қазияааш суҳбат кунад. Вале коршиносон чунин шеваи посухгӯии мақомот ба эрод ва танқиду нуктагирии сокинонро ҳарчи тангтар шудани қаламрави озодии баён дар Тоҷикистон медонанд.

Интиқоди Идрис Ҷонмаҳмадов аз вазъи роҳҳои пурбарфи Хоруғ моҳи феврали имсол ва дар авҷи барфрезии шадид дар вилояти Бадахшон ба "Фейсбук" роҳ ёфт. Танқиди Ҷонмаҳмадов асосан аз он буд, ки идораи коммуналии Хоруғ саривақт кӯчаҳои шаҳрро аз барф тоза намекунад.

Меҳмон Аловиддин, раиси Додгоҳи шаҳри Хоруғ, рӯзи сешанбе дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "Идрис Ҷонмаҳмадов ба хотири ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот шуд", аммо аз шарҳи бештари парванда худдорӣ кард.

Мақомоти вилояти Бадахшон, нашри "маълумоти нодуруст"-ро сабаби асосии ҷарима шудани Идрис Ҷонмаҳмадов медонанд. Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, гуфт, танқиди Ҷонмаҳмадов барои саривақт тоза нашудани роҳҳои Хоруғ аз барф "асос надошт".

"Дар ҳукумати вилоят аз танқиди кор ҳарос надоранд, вале танқид ҳам бояд асос дошта бошад", - афзуд ӯ.

Зоҳиран мақомоти вилояти Бадахшон мисли дигар мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон шарҳу тафсири корбарони шабакаҳои иҷтимоиро аз наздик пайгирӣ мекунанд. Рӯзи 1-уми марти имсол сухангӯи раиси Бадахшон ба интиқоди яке аз корбарони "Фейсбук", ки ӯ ҳам аз роҳҳои пурбарфи Хоруғ танқид карда буд, вокуниши сахт нишон дод.

Ин корбар бо номи "Узум Пе Эл" бо гузоштани чанд акс аз роҳҳои Хоруғ навишт, "як бор ба ҳолати феълии Хоруғ нигаред. Воқеан, ҳам вазъият чунин аст. Дар ҳукумат ҳар рӯз маҷлису забондарозист. Ба онҳо ҳафт трактор фиристоданд, аммо аз онҳо дарак нест. Ҳамин хел маймунбозӣ намефорад".

Мақомоти вилояти Бадахшон дар вокуниш ба ин корбар навиштанд, ки ба ҷойи "гапҳои беҳуда белро гиреду кумак кунед. Оё Шумо ингуна таълимотро надидаед ё ба ғайр аз танқид кардан дигар коре надоред?"

Пахши назари интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмадҳои он солҳои ахир як мавзӯи ҷиддӣ шудааст. Бо густурда шудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон онҳо ба як майдони баҳси мушкилиҳои ҷомеа табдил шуданд. Дар ин миён корбароне зиёданд, ки мегӯянд танҳо ба хотири интиқод аз ҷойи кор маҳрум шуданд ва ё ҷазои дигар гирифтанд.

XS
SM
MD
LG