Ссылки доступа

Дар Туркманистон ба дида молидани туҳфаи президент анъана мешавад (видео)


Туҳфаи молие, ки имсол аз номи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида ба 8 март ба бонувони ин кишвар тақдим мешавад, 17 доллари амрикоӣ хоҳад буд.

Маросими расмии тақдими туҳфаи президентӣ ба бонувонро телевизионҳои давлатии Туркманистон мустақиман нишон доданд. Бонувон ба нишони эҳтиром туҳфаи Бердимуҳаммадовро ба дидаҳояшон мемоланд. Соли равон ба ин анъана кӯдакону наврасони туркман низ ҷалб карда шудаанд.

Дар Туркманистон аз соли 2011 ба ин сӯ, дар арафаи иди 8 март аз номи президент ба бонувоне туҳфа дода мешавад, ки дар корхонаҳо кор мекунанд ё донишомӯзи муассисаҳои таълимиянд. Ин туҳфаро ҳамчунин тарбиятгирандагони боғча ва занони нафақахӯр дарёфт хоҳанд кард.

Ҳаҷми туҳфаи мазкур дар солҳои пешин 40 манат (11 доллар бо қурби расмӣ)-ро ташкил медод. Раванди тақсими онро фармони президенти Туркманистон аз 25 феврали соли 2011 танзим мекунад.

Бархе аз волидон ва омӯзгорон дар суҳбат бо Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маросими расмӣ ба кӯдакон лифофаҳои холӣ тақдим шуд. "Лифофаҳое, ки кӯдакон ба дидаҳояшон молиданд, холӣ буданд. Пули онҳоро ба модарон доданд. Акнун кӯдаки 3-сола низ бояд туҳфаро ба дидааш бимолад ва ин равандро боз ба воситаи телевизион намоиш медиҳанд", - гуфт як сокини Ишқобод.​

XS
SM
MD
LG