Ссылки доступа

Ӯзбекистон аз ширкати "Лукойл" $600 млн қарздор шудааст


Ӯзбекистон аз ширкати русии "Лукойл" барои интиқоли газ дар соли 2018 ҳудуди 600 миллион доллари амрикоӣ қарздор шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Рейтерс, дар ин бора муовини президенти ширкат дар умури истихроҷ Азат Шамсуаров дар як суҳбати телефонӣ ба сармоягузорон иттилоъ додааст.

Азат Шамсуаров гуфтааст, ҷониби Ӯзбекистон барои он 600 миллион доллар қарздор шуд, ки як қисми гази истихрошударо дар бозори дохилӣ фурӯхт. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, тибқи қарордод, бояд тамоми гази истихроҷшуда ба хориҷ содир мешуд.

Дар ҳоли ҳозир, "Лукойл" дар Ӯзбекистон солона ҳудуди 14,5 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад. Шамсуаров мегӯяд, ширкат дар тарҳҳои Ӯзбекистон наздики 8 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки 4 миллиарди онро аллакай баргардондааст.

Пештар "Лукойл" нақша дошт, ки истихроҷи газро дар Ӯзбекистон то соли 2020 ба 16 миллиард метри мукааб расонад. 8 миллиард метри мукааби он дар кони Кандим, 5 миллиард дар кони Ҳисор ва 3 миллиард дар кони Ҳавзак бояд истихроҷ мешуд. "Лукойл" аз соли 2004 ба ин сӯ дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG