Ссылки доступа

Ду қазоқистонӣ ва як чинӣ муҳоҷирати пинҳонӣ аз Чинро ба роҳ мондаанд


Ду корманди пешини шуъбаи муҳоҷирати шаҳри Тарози Қазоқистон ва як зодаи Чин бо айби ташкили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Чин зиндонӣ шуданд.

Ба иттилои тафтишот, роҳбари пешини шуъбаи муҳоҷират ва муовини вай бо як миёнарав - зодаи Чин - муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташкил кардаанд. "Ин гуруҳ бо истифода аз асноди тақаллубӣ дар вилояти Ҷамбул ба бештар аз 170 шаҳрванди Чин ҳаққи истиқомат додааст", - хабар дод Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 6 март.

Ҳукми се айбдоршаванда рӯзи 5 март содир гардид. Додгоҳ ҳар сеи онҳоро дар асоси моддаи "Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ" гунаҳкор донист. Роҳбари шуъба ва муовинаш мутаносибан 4 ва 3,5 сол зиндонӣ шуданд. Зодаи Чин 4 сол зиндонӣ шуд.

"Дар ҳоли ҳозир масъалаи бекор кардани парвонаҳои зисти шаҳрвандони Чин баррасӣ мешавад", - хабар дод Кумитаи амнияти миллӣ.

XS
SM
MD
LG