Ссылки доступа

“Зан будан дар Тоҷикистон мушкил аст” (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Зӯҳро чӣ гуна соҳиби хона шуд? Нақли Зарангези Наврӯзшоҳ. Зӯҳро Сайфуллоева, модари 6 фарзанд, тассавур намекард, ки дар як рӯз зиндагии ӯ комилан дигар мешавад. Гузориш аз ҳоли Зуҳро ва фарзандони ӯ шоми 17-уми октябри соли гузашта дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. (видео)

- “Зан будан дар Тоҷикистон мушкил аст”. Бархе аз бонувони тоҷик мегӯянд, бештари мушкилот ба рӯи шонаҳои онҳост. Аз таҳияи ғизо ва нигоҳубину тарбияи фарзанд гирифта, то кор дар саҳрову бозор ва идораҳо. Онҳо аз муносибати атрофиён, бахусус мардон низ шиква доранд. (видео)

- Баҳори як гӯшаи Хатлон. Баҳори як гӯши Хатлон аз дурбини хабарнигори Радиои Озодӣ. (видео)

- Муқовимати бузург ба истилои арабҳо (Реги Омӯ, бахши 3). Дар суҳбати пешин, панҷоҳ соли нахусти ҳамлаҳои арабҳоро аз Хуросони Эрон ба Мовароуннаҳр шарҳ додем (видео)

- Гуфтугӯ бо Шарофиддин Гадоев (Қисми 2). Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифон, ки мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар Маскав “рабуда ва бидуни ихтиёраш ба Душанбе бурда шуд”, ҳоло ният дорад мақомоти ин ду кишварро ба ҷавобгарӣ кашад. Гадоев 7 март ба Радиои Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ дод (видео)

- Гуфтугӯ бо Шарофиддин Гадоев (Қисми 1). Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифон, ки мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар Маскав “рабуда ва бидуни ихтиёраш ба Душанбе бурда шуд”, ҳоло ният дорад мақомоти ин ду кишварро ба ҷавобгарӣ кашад. Гадоев 7 март ба Радиои Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ дод (видео)

- "Марвориди қиматбаҳо"-и Фархунда Файзуллоева. Ду соли ахир Фархунда Файзуллоева ба зиндагии худ ранги дигар бахшид. Маҳфили "Марвориди қиматбаҳо"-ро, ки хеле боз орзу дошт, таъсис дод ва ҳоло 80 зани узви он аст. Онҳо масоили муҳими занонро матраҳ ва бо машварату роҳнамоӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. (видео)

- Бо номзадҳои интихоботи президентии Украина шинос шавед. Дар маъракаи интихоботӣ 39 номзад ширкат мекунад. Интихоби номзадҳои кунунӣ фарқкунанда аст: сиёсатмадорони куҳнакор бо базлагӯ, рӯзноманигорон, иштирокчиёни ҷанг ва кашшофони касбӣ рақобат мекунанд (Инфографика)

- Блэкаут дар Венесуэла: беш аз нисфи кишвар нерӯи барқ надорад (видеои Настоящее время)

- "Бо диди дигар назар кунед". Табиби пешин Бишкекро муаррифӣ мекунад (видео)​

- Чи гуна мавқеи қазоқистониҳо дар феҳристи Forbes тағйир ёфт. (Инфографика)

- Москва – Душанбе – Амстердам. Мухолифи тоҷик гуфт, ки дар Русия ва Тоҷикистон бо ӯ чи рух дод. (видеои Настоящее время)

- "Бисёр сӯхтам". Таассуфи зиндонии пешин. Дар зиндонҳои Қазоқистон наздики 30 ҳазор одам адои ҳукм мекунанд. Тақрибан 7 дарсади онҳо занҳо ҳастанд (видео)

- Занону кӯдакон аз "Давлати исломӣ" чи гуна ба Русия бармегарданд (видеои Настоящее время)

- Уилям Браудер дар бораи таҳқиқоти OCCRP, ки пулшӯӣ дар Русияро ба воситаи шабакаи офшории "Тройки Диалог" ошкор кард. (видеои Настоящее время)

- Як рӯзи зани музадӯз (видео аз Қазоқистон)

- Чи гуна дипломатҳои рус дар Чехия ба қаллобии амволи ғайриманқул гумонбар шуданд. (видео аз Директ)​

- Тазоҳурот зидди ҷудосозии рунет. Дар Москва сокинон бидуни иҷозат ба ҷонибдорӣ аз Интернети озод тазоҳурот карданд. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG