Ссылки доступа

Ҳамсари Ҳайит: "Ӯ шиканҷа шудааст". Мақомот рад мекунанд


Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, аз роҳбарони собиқи ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ мегӯяд, шавҳарашро дар зиндон шиканҷа мекунанд ва ӯ дар шароити сахте нигоҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи хонум Ҷӯраева, нозирони зиндон бо шиканҷаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз ӯ мехоҳанд, то алайҳи ҳамҳизбиёни собиқаш гувоҳии телевизионӣ бидиҳад. Аммо мақомоти тоҷик шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайитро рад мекунанд. Маҳмадалӣ Ҳайит, соли 2015 дар пайи ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ боздошт ва чанд моҳ баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 11-уми март гуфт, ду рӯз қабл бо шавҳараш дар зиндон мулоқот дошт. Хонум Ҷӯраева афзуд, шавҳараш аз шароити сахти нигоҳдориаш дар боздоштгоҳ шикоят карда ва гуфтааст, ки дар шароити мисли "оғил" нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамсари Ҳайит мегӯяд, бо шавҳараш ҳар шаш моҳ дидор мекунад ва ӯ дар мулоқотҳои қаблӣ аз шиканҷа шикоят надошт. Аммо ин бор Ҳайит аз ҳамсараш хостааст, то аз шиканҷа ва шароити сахти ӯ дар боздоштоҳ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шикоят барад.

"Шавҳарамро бисёр латукӯб карда, маҷбур мекардаанд, ки дар назди камера зидди наҳзат ва раиси наҳзат гап занад. Гӯяд, ки террористонро дар наҳзат худам ҷамъ кардам ва бо террористҳо ҳамкорӣ дорам. Ин гапҳоро бояд мегуфтааст, аммо ин кас гуфтаанд, ки ин корро намекунам",-афзуд Ҷӯраева.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ҳамчунин гуфт, шавҳараш як моҳ қабл сактаи дилро аз сар гузаронд ва бо сабаби табобат нашудан, хам шуда наметавонад. Савринино Ҷӯраева гуфт, шавҳараш дар боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе нигоҳдорӣ мешавад ва ӯ шароити нигоҳдориашро аз "оғил" бадтар гуфтааст.

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, "шавҳарам гуфтанд, ки дар як ҳуҷраи танг ва ифлосе мисли ҳоҷатхона нигоҳдорӣ мешавам ва оғили очаам аз инҷо тозатар аст. Гуфтанд, ки агар баъди 6 моҳ маро зинда наёфтед, донед, ки ман аз шиканҷа мурдаам".

Савринино Ҷӯраева мегӯяд, бо шавҳараш ҳар шаш моҳ дидор карда, дар се моҳ барояш ғизо мебарад. Ҷӯраева гуфт, аз шиканҷаи шавҳараш мехоҳад ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва идораи зиндонҳо шикоят барад.

Аммо мақомоти тоҷик иддаои ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит дар бораи шиканҷа шудани ӯро қатъиян рад мекунанд. Мансурҷон Умаров, раҳбари Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 11-уми март вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои кишварро рад кард.

Аз ҷумла ӯ гуфт, ки моҳи январи имсол дар ҷараёни боздидаш аз зиндонҳо, аз ҳоли Маҳмадалӣ Ҳайит ҳам хабардор шуд. Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, Маҳмадалӣ Ҳайит дар сӯҳбат бо ӯ, аз шиканҷа шуданаш ягон шикоят накард. Бо ин ҳама, Умаров гуфт, агар наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит шикояте дошта бошанд, метавонанд ба Додситонии кул ва ё Сарраёсати иҷрои ҷазо муроҷиат кунанд.

"Маҳбас маҳбас аст, инҷо шароити сахту шароити суст надорад. Ҳама дар як шароит нигоҳ дошта мешавад ва ман азобу шиканҷаро тамоман бовар намекунам", - гуфт Мансурҷон Умаров.

Маҳмадалӣ Ҳайит моҳи апрели соли 2016 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Маҳмадалӣ Ҳайит дар қатори Сайидумар Ҳусайнӣ моҳи апрели соли 2016 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Дар қатори онҳо, даҳ узви дигари раёсати ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Додситонӣ мегӯяд, аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кул Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида, фаъолияташро манъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG