Ссылки доступа

Додситонии Ӯзбекистон худкушии Гулнора Каримоваро рад кард


Додситонии кулли Ӯзбекистон хабари худкушии Гулнора Каримоваро дар маҳбас рад кард.

"Худкушӣ ё талоши худкушӣ ҷой надошт. Гулнора Каримова дар ҳоли ҳозир адои ҷазо мекунад", - омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Пештар аз ин дар бахши ӯзбекии шабакаҳои иҷтимоӣ хабари худкушии духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов нашр шуд.

Ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, Гулнора Каримова ба далели вайрон кардани шароити ҳабси хонагӣ ба маҳбас интиқол дода шудааст.

Ба иттилои Додситонӣ, Каримова вазифадор буд, ки манзилашро тарк накунад, аз Интернет истифода набарад ва ҷуброн пардозад. Аммо вай дар ҳабси хонагӣ ба таври мунтазам ин қоидаҳоро вайрон кардааст.

XS
SM
MD
LG