Ссылки доступа

Юриши ОМОН ба бозори “Люблино” ва боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 11 марти соли 2019. Юриши ОМОН ба бозори “Люблино” ва боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик. Шикояти ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит ба додситонӣ аз шиканҷа шудани шавҳараш. Оғози муҳокимаи додгоҳии зиндониёни гумонбар дар ошӯби зиндони Хуҷанд. Сафари нахустини Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Ироқ. (видео)

- Оё аз фаъолияти матбуот қаноатманд ҳастед? Хабарнигори Радиои Озодӣ дар рӯзи Иди матбуот аз сокинони Душанбе пурсид, ки оё аз фаъолияти матбуоти тоҷик қаноатманд ҳастанд. (видео)

- Боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар бозорҳои Москва. Даҳҳо муҳоҷир дар маркази тиҷоратӣ ва бозори "Москва” ва "Садовод” боздошт шуданд. Мақомоти тоҷик дар Москва гуфтанд, ки дар миёни боздоштшудаҳо дар паи рейди сохторҳои ҳифзи қонуни Русия - 30-35 шаҳрванди Тоҷикистон низ мебошад (видео)

- "Телефони куҳнаро ба 1000 доллар фурӯхтам". Дар дукони Ҷамшед дар шаҳри Душанбе метавон гуфт, ёдгориҳои чандинсола ҳифз шудаанд. Чизҳои ҷамъовардааш барои насли навин васоити кӯҳна ва барои истифода ношояманд, аммо барои ӯ ҳанӯз арзишманданд. Тафсилоти бештарро дар навори видео бубинед. (видео)

- Ҳамсари Ҳайит: "Ӯ шиканҷа шудааст". Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, аз роҳбарони собиқи ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ мегӯяд, шавҳарашро дар зиндон шиканҷа мекунанд ва ӯ дар шароити сахте нигоҳдорӣ мешавад (видео)

- Осиё: оқибатҳои роҳпаймоии Бишкек ва боздошти фаъолон. Фаъоли маданӣ Серикҷон Биляш аз меҳмонсарои Алмато ғайб заду дар Остона пайдо шуд. Ӯ ба ангехтани бадбинии нажодӣ айбдор мешавад. Шаҳрдори Бишкекро пас аз роҳпаймоии 8 март мехоҳанд, ба истеъфо фиристанд. Дар роҳпаймоӣ ҳамҷинсгароён ҳам иштирок доштанд. (видеои Настоящее время)

- Бо номзадҳои интихоботи президентии Украина шинос шавед. Дар маъракаи интихоботӣ 39 номзад ширкат мекунад. Интихоби номзадҳои кунунӣ фарқкунанда аст: сиёсатмадорони куҳнакор бо базлагӯ, рӯзноманигорон, иштирокчиёни ҷанг ва кашшофони касбӣ рақобат мекунанд (Инфографика)​

- Дар марзи Ӯзбекистону Қазоқистон садҳо мошини боркаш дармондаанд. (видео)​

- Фаъоли маданӣ Серикҷон Биляш дар Остона боздошт шуд. (видеои Настоящее время)

- Миллатгароёни созмони "Кирк Чоро" пас аз роҳпаймоии 8 март истеъфои шаҳрдори Бишкекро талаб доранд. (видеои Настоящее время)

- Чаро "Боинг"-и ширкати ҳавопаймоии Эфиопия суқут кард? (видео аз Директ)​

- "Бо диди дигар назар кунед". Табиби пешин Бишкекро муаррифӣ мекунад (видео)

- "Бисёр сӯхтам". Таассуфи зиндонии пешин. Дар зиндонҳои Қазоқистон наздики 30 ҳазор одам адои ҳукм мекунанд. Тақрибан 7 дарсади онҳо занҳо ҳастанд (видео)

- Чи гуна мавқеи қазоқистониҳо дар феҳристи Forbes тағйир ёфт (инфографика)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG