Ссылки доступа

Садҳо мошини боркаш дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармондаанд (видео)


Дар марзи Қазоқистон садҳо мошини боркаш аз аввали моҳи равон ба ин сӯ мунтазири иҷозати вуруд ба Ӯзбекистонанд. Ронандаҳо мегӯянд, марзбонони ӯзбек танҳо ба мошинҳое иҷозати даромадан медиҳанд, ки маҳсулоти ғизоии Русияро доранд.

Яке аз ронандаҳо 11 март гуфт, дар гузаргоҳи марзии Қазоқистон -- "Казигурт" ҳудуди 300 мошини боркаш мунтазири иҷозати вуруд ба Ӯзбекистон ҳастанд. "Шахсан ман ба марз 5 март омадам. Шаш шабонарӯз аст, ғизоро дар дохили мошин омода мекунем ва онҷо хоб меравем. Дар инҷо як ҳоҷатхона ҳаст, ки ҳоло онро ҳам пулакӣ кардаанд. Мардум монанди саг навбати худро мунтазир аст. Маҳдудияти вуруд ба Ӯзбекистонро расман шарҳ намедиҳанд ва намедонем, ки кай иҷозати гузар медиҳанд", - афзуд ӯ.

Ронандагони мошинҳои боркаш 11 март навори видеоиеро низ фиристоданд, ки нишон медиҳад, садҳо мошин дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон истодаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, 70 дарсади мошинҳо рақамҳои давлатии Ӯзбекистонро доранд. Онҳо мегӯянд, мошинҳое, ки моли Русияро мекашонанд, имтиёз доранд.

Дар Кумитаи гумруки Ӯзбекистон гуфтанд, ки ворид шудани мошинҳои боркаш ба ин кишвар маҳдуд нашудааст. Хадамоти марзбонии Қазоқистон мегӯяд, аз мушкилот дар марз бо Ӯзбекистон хабар надорад.

Як корманди гузаргоҳи "Казигурт", ки нахост худро муаррифӣ кунад, гуфт, навбатпоии мошинҳо дар натиҷаи аз кор мондани "низоми компютерӣ" ба миён омадааст. Вале аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG