Ссылки доступа

Шарҳи фейсбукӣ бо зикри паёмбар боиси таҳдид, рухсатии иҷборӣ ва дидбонии давлатӣ шуд


Муовини сардори Оҷонси иттилоот ва коммуникатсияи назди маъмурияти президенти Ӯзбекистон Наргис Раҳимова ба хотири таъмини амнияташ ба рухсатии иҷборӣ фиристода шудааст. Дар ин бора манобеъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар ва ҳамкорони худи Раҳимова хабар доданд.

Раҳимоваи 35-сола пас аз як шарҳи худ дар мавзуи бисёрникоҳӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди ҳамлаи гуруҳи корбарон ва шахсони мазҳабӣ қарор гирифтааст.

Ҳодиса пас аз он шуруъ шуд, ки корбаре бо номи Hayot Baxtiyor O'gli 8 март дар Фейсбук ба ҷонибдорӣ аз бисёрникоҳӣ навишт, "бисёрзаниро танҳо мардон-латтаҳое намехоҳанд, ки аз уҳдаи як зан намебароянд ё занон-палидоне, ки ба болои сари шавҳарҳои худ баромадаанд".

Раҳимова дар посух ба ӯ навишт, "паёмбари мо дар замони зинда будани модарамон Хадича зани дувум нагирифт. Намедонам, шояд он замон ӯ "латта" ё модарамон Хадича "палид" буд, инро шумо беҳтар медонед".

Дар натиҷа даҳҳо шарҳу изҳороти видеоӣ зидди мансабдори ӯзбек нашр шуда, корбарон ҳатто ба шавҳару фарзандонаш низ таҳдид карданд. Чанд манбаъ дар мақомоти интизомии Ӯзбекистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир маъмурони онҳо муаллифони шарҳҳоеро муайян мекунанд, ки зидди Раҳимова навишта шудаанд.

Сомонаи телевизиони Azon TV 9 март муроҷиатномаи Раҳимоваро нашр кард. "Ман ҳамчун бандаи Худо аз тамоми мусулмонон барои изҳори назарам, ки баҳсҳоеро ба бор овард, бахшиш мепурсам", - гуфтааст Раҳимова дар паёми худ.

Дар Ӯзбекистон ин қазияро то ҳол танҳо Кумитаи умури дини назди девони вазирони он кишвар шарҳ додааст. Кумита дар изҳороти худ ҳарчанд номи Раҳимоваро зикр накард, вале гуфт, "дар қонунгузории кишвар барои таҳқири эҳсоси динии шаҳрвандон ҷазое пешбинӣ шудааст".

XS
SM
MD
LG