Ссылки доступа

Як судяи Қирғизистон дар маҳв кардани беш аз 1300 парванда айбдор мешавад


Эрнис Чоткараев, судяи додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар "барқасдона маҳв кардани садҳо парвандаи маъмурӣ ва рабудани маблағи калон" айбдор мешавад.

Додситонии кулли Қирғизистон парвандаи судяро тартиб дода ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурдааст.

Додситонии он кишвар тирамоҳи соли 2018 дархост карда буд, ки дахлнопазирии судя бекор шавад. Эрнис Чоткараев то он замон Қирғизистонро тарк карда буд.

Ба иттилои Наргиса Қувватова, сухангӯи Додситонии Қирғизистон, нисбати Чоткараев бо моддаҳои "Сӯистифода аз мақом" ва "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

"Чоткараев ҳамроҳ бо кормандони дигари додгоҳ парвандаҳои маъмурии солҳои 2017-2018-ро нобуд кардааст. Ба ҷуз ин вай дар солҳои 2015-2018 бештар аз 57 ҳазор доллари марбут ба ҷаримаҳоро аз худ намудааст", - хабар дод Қувватова.

XS
SM
MD
LG