Ссылки доступа

Раҳбари демократҳои Конгресс зидди изҳори нобоварӣ ба Трамп аст


Нэнсӣ Пелосӣ, раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА гуфт, ки вай тасмим надорад, раванди барканорӣ ё эълони нобоварӣ ба президент Доналд Трампро шуруъ кунад.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар сурати пайдо шудани далелҳои "возеҳ"-е зидди президент, мумкин аст, ҷараёни изҳори нобоварӣ ё импичмент оғоз гардад.

"Изҳори нобоварӣ дар ҷомеа ҷудоӣ эҷод мекунад ва ман фикр намекунам, ки мо бояд ин масирро тай кунем", - гуфт Пелосӣ.

Масъалаи эълони нобоварӣ ба президент аз сӯи чанд қонунгузори демократ баррасӣ шуд. Ин вакилон мегӯянд, бархе аз корҳои президент, амсоли дахолат ба пажуҳиши Русия метавонад, барои эълони нобоварӣ замина гарданд. Бори аввал конгрессмени демократ Брэд Шерман дар соли 2017 талош кард, импичменти Трампро оғоз кунад, вале комёб нашуд. Дар ҳоли ҳозир аксарияти демократҳо дар Палатаи намояндагон метавонанд, ба президент изҳори нобоварӣ эълон кунанд, аммо ин тасмим аз сӯи Сенат қабул нахоҳад шуд. Бино ба Конститутсияи ИМА, танҳо Сенат ҳақ дорад, ки қарори барканории президентро қабул кунад. Аксари курсиҳои Сенат дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон аст.

Бино бар назарсанҷиҳо, бештари амрикоиҳо ҷонибдори изҳори нобоварӣ ба президент ҳастанд. Роҳбарияти Ҳизби демократ бар ин аст, ки эъломи нобоварӣ ба президент мумкин аст, ҳамдардии мардумро нисбат ба президент бештар кунад ва ба нуфузи номзади демократҳо дар интихоботи навбатии президентӣ зарар расонад.

XS
SM
MD
LG